НАВРӮЗИ ҶАҲОНИИ ТОҶИКОН

Ҳамадонӣ: Андеша  

Наврӯз бо баробар шудани шабу рӯз, соли нави хуршедӣ ворид мешавад ва барои ниёгони мо ва баъд мардумони дигари ҳавзаи Наврӯз оғози сол аст. Эътидоли сол ин оғози сол буда, байни табиат ва кайҳон як навъ ҳамбастагӣ сурат мегирад. Одамизод бо гузашти замон дарк кард, ки мавҷудоти олам байни худ як навъ робита дорад. Дар ин бора Абурайҳони Берунӣ, Умари Хайём, Гардезӣ ва дигарон ишора кардаанд.Ба хусус Абурайҳони Берунӣ дар «Китоб-ут-тафҳим» оид ба «рӯзи нав» ё «пешонаи сол» будани Наврӯз гуфтааст: «Аз расмҳои порсиён Наврўз чист? Нахустин рӯз аст аз фарвардинмоҳ аз ин ҷиҳат «рӯзи нав» ном карданд, зеро ки пешонии соли нав аст. Ва он чи аз паси ӯст аз ин панҷ рӯз ҳама ҷашнҳост. Ва шашуми фарвардинмоҳ Наврӯзи бузург доранд. Зеро, ки хусравон бад-он панҷ рӯз ҳакҳои ҳашам ва гурӯҳон (ва бузургон) бигузордандӣ ва ҳоҷатҳо раво карданӣ, он гоҳ бад-ин рӯзи шашум хилват кардандӣ хоссагонро. Ва эътиқоди порсиён андар Наврӯзи нахустин он аст, ки аввал рӯзест аз замона ва бад-ӯ фалак оғозид гаштан» [Берунӣ 1973, с.144].

 

Ин олими беҳамто А.Берунӣ дар «Осор-ул-боқия» оид ба Наврӯз чандин ривоят овардааст, ки Р.Раҳмонӣ дар китоби худ «Наврӯзи ориёии тоҷикон» (2013) дар ин бора ба таври муфассал изҳори назар намудааст. Берунӣ мегӯяд, аз мардум шунидам ва ин ривоятро меорад: «Ва чанде аз ҳашвия (ситорашиносон) мегўянд, ки чун Сулаймон бини Довуд ангуштарии хешро гум кард, салтанат аз дасти ӯ берун рафт. Вале пас аз чил рӯз бори дигар ангуштарии худро биёфт ва подшоҳию фармондеҳӣ бар ў баргашт ва муғон ба даври ӯ гирд омаданд. Эрониён гуфтанд: «Наврӯз омад!» Яъне, рўзи тоза биёмад» [Берунӣ 1990, с.232].

 

Берунӣ дар идомаи ин ривоят оид ба Наврӯз аз номи уламои Эрон ин нақлро меорад: «Баъзе аз уламои Эрон мегўянд: «Сабаб ин ки ин рӯзро Наврӯз меноманд, ин аст, ки дар айёми Таҳмурас, собиа (гурӯҳе) ошкор шуданд. Ва чун Ҷамшед ба подшоҳӣ расид, динро аз нав кард. Ва ин кори хеле бузург ба назар омад ва он рӯзро, ки рӯзи тозае буд, Ҷамшед ид гирифт, агарчи пеш аз ин ҳам Наврӯз бузургу муаззам буд» [Берунӣ 1990, с.233].

 

Ба ин гуфтаҳои Берунӣ диққат бояд кард: «чун Ҷамшед ба подшоҳӣ расид, динро аз нав кард», «он рӯзро, ки рӯзи тозае буд, Ҷамшед ид гирифт», «агарчи Наврӯз пеш аз ин ҳам бузургу муаззам буд». Дар ин ривоят ҷолибтарин ишорат он аст, ки «Наврӯз пеш аз ин ҳам бузургу муаззам буд» [ниг.: Раҳмонӣ 2013].

 

Дар ҷашнҳои ниёгони тоҷикон расму оинҳои мардуми кишоварзу муқимӣ инъикос ёфттаст. Аз ин рӯ, ҷашнҳои бостонӣ чун Ялдо, Сада, Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон пайвастагб ба устураи чархиши хуршед ҳамчун солшуморӣ доранд. Яъне, дар шаби Ялдо (Чилла) хуршед таваллуд мешавад, дар Сада хуршед чилрӯза шуда, аз неруҳои аҳриманӣ наҷот меёбад, дар Наврӯз хуршед наврасу ҷавони неруманду нурпошанда аст, дар Тиргон ҷавонмарди тануманду пуркор аст, дар Меҳргон солору камолёфта [ниг.: Раҳмонб 2020].

 

Оид ба Наврӯз дар китоби «Таърихи Бухоро»-и Наршахӣ низ ишораи муҳиммест, ки ба «Сиёвуш» ишора мекунад. Пажуҳандагон бар он ишора кардаанд, ки гули сияҳгӯш ин ҳамон гулест, ки тибқи устураҳои мардуми ориёитабор пас аз дафни Сиёвуш аз замин баромадааст ва то замони Наршахӣ мардум дар бораи ӯ сурудҳо сароидаанд [Наршахӣ 2012, с.44-45].

 

Ҳоло ҳам дар Тоҷикистон пас аз шукуфтани гули Сияҳгӯш (Сиёвуш) бачагону наврасон хона ба хонаи мардум гашта, маросими «Гулгардонӣ»-ро баргузор менамоянд.

 

Дар шаҳрҳои Бухоро, Самарқанд, Панҷакент шаҳрҳои машҳури суғдиён буд. Суғдиён, ки ниёгони тоҷикон буданд, маросимҳои наврӯзиро баргузор мекарданд. Ба гуфти Берунӣ, «Навсард – рӯзи аввали он Наврӯзи суғдиён аст, ки Наврӯзи бузург бошад» [Берунӣ 1990, с.258].

 

Ҷашни Наврӯзро дар шаҳрҳои тоҷикнишин ба мисли Бухоро, Самарқанд, Хуҷанд, Балх, Ҳирот, Кобул, Шероз, Исфаҳон, Машҳад ва ғайра ҷашн мегиранд. Аз шаҳомати он дар осори боқимондаи Рӯдакӣ, дар хамосаи Фирдавсӣ ва садҳо шоирону таърихнигорон борҳо ёдоварӣ шудааст. Онҳо Наврӯз ва баҳорро бо тамоми латофату нафосаташ ситоиш караанд.

 

Баъди он ки дар садаи ХIХ Русияи подшоҳӣ манотиқи Осиёи Миёнаро зери тасарруфи худ даровард, фарҳанги ин кишвар низ тадриҷан ба мардуми Аморати Бухоро, хонигарии Қӯқанд ва Хива таъсир расонд. Дар ин давлатҳои хонию аморатӣ дар наврӯзгоҳҳо мардум Наврӯзро ҷашн мегирфтанд. Дар он ширинкорон, масхарабозон, сарояндагон, ҳунармандон, найрангбозон, шуъбадабозон ва ғайра боиси дилхушии мардум буд.

 

Тоҷикон аз замонҳои бостон то ба имрӯз ҷашни Наврӯз ва оинҳои марбути онро баругзор менамоянд, ки баъдҳо дар ин бора Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ ва дигарон ишораҳо намудаанд. Аз гуфтаи устод С.Айнӣ медонем, ки дар асри гузашта, дар аморати Бухоро низ ба он таваҷҷӯҳ мешуд. Устод Айнӣ дар «Ёддоштҳо» зери унвони «Иди Наврӯз ва сайри Ширбадан» ва «Достони сайри ширбадан» оид ба Наврӯзи асри ХIХ ва аввалҳои асри ХХ нуктаҳои ҷолиберо баён намудаанд, ки дар он мардум мавқеи вижае доштанд [ниг.: Раҳмонӣ 2019].

 

Аз сарчашмаҳо маълум аст, ки дар даҳсолаҳои аввали асри бист дар тамоми минтақаҳои тоҷикнишини Осиёи Миёна ва ноҳияҳои тобеи он сайргоҳҳои наврӯзии бисёр вуҷуд доштааст. Мардуми гуногунтабақа дар рӯзҳои ҷашнгирии Наврӯз бо карнаю сурнай, созу суруд, рақсу бозӣ шодмонӣ мекарданд. Дар сайргоҳҳо бозиҳои гуногуне, мисли иштибозӣ, ҷаҳҳаакбозӣ, ғирғиракбозӣ, тасмабозӣ, тухмбозӣ, буҷулбозӣ, давдавакбозӣ, гӯштигирӣ, зоғчабозӣ, саъвабозӣ ва ғайра мешуданд. Устод Айнӣ низ дар ин бора ишора кардааст [ниг.: Айнӣ, Ҷ.7. 1962, с.494-498].

 

Дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз мардҳои ҳар деҳа дар чойхонаи минтақаи худ даста-даста, гурӯҳ-гурӯҳ омада гаштак мегузарониданд, ё ҷамъ омада хушҳолӣ мекарданд. Дар чунин ҳолатҳо калонсолон ҷудогона, ҷавонон бо ҳамсолони худ ва хурдсолон низ бо ҳамсинҳои хеш ҷамъ шуда, базму гаштак мекарданд. Калонсолон ва ҷавонон дар ҷамъомади худ аскиягӯӣ (қофиягӯӣ), латифагӯӣ, сурудхонӣ, рақсу бозӣ ва чақ-чақ менамуданд. Ҷавонон ба талу теппаҳо, дараҳо, доманаи кӯҳҳо, соҳили дарёҳо рафта, вақти худро хуш мегузарониданд. Хурдсолон машғули бозиҳои мувофиқ ба салиқаи худ мешуданд. Занҳо ва духтарон низ ҷудогона дар боғҳо, дар ҳавлиҳо ҷамъ шуда сарояндагӣ, доиразанӣ ва хушҳолӣ мекарданд [ниг.: Раҳмонӣ 2013; Раҳмонӣ 2018, с. 787-788; Раҳмонӣ 2019].

 

Маълум аст, дар аввалҳои асри бист дар Хуҷанд, Кӯлоб, Панҷакент, Ҳисор, Исфара, Хоруғ, Ванҷ, Дарвоз, Ғарм, Файзобод ва ҷойҳои дигар, ки сайргоҳҳои махсусе барои баргузории Наврӯз будааст, ҷашни Наврӯз дар байни оммаи мардум чандин рӯз бо шукӯҳ мегузашт. Дар сайргоҳи наврӯзӣ яке аз мусобиқаҳои варзишии бостонӣ гӯштин баргузор мешуд. Гӯштин дар ҳама ҷо барпо мегардид. Паҳлавонон гурӯҳ-гурӯҳ аз як минтақа ба минтақаи дигар мерафтанд.

 

Агар ҳар як унсури наврӯзиро бо диққат аз назар гузаронем, мебинем, ки асоси он ин дӯст доштани инсон, табиат ва кайҳон мебошад. Тоҷикон аз ҳамон замонҳои қадим талош мекарданд, ки талқингари дӯстдори табиат бошанд. Ба ҳамагон маълум аст, ки Наврӯз ва оинҳои он ташвиқи қавмӣ, маҳаллӣ, миллӣ надоранд. Наврӯз хусусиятҳои инсондӯстона дорад.

 

Маълум аст, ки аз қадим ҳангоми баргузории ҷашни Наврӯз ба он унсурҳои нав ворид мегардид. Пас аз истилои араб Наврӯз, аз як тараф, оинҳои асосии суннатии худро бо худ аз насл ба насл интиқол додан гирифт, аз тарафи дигар, хусусияти маҳаллӣ ва минтақавӣ пайдо кард. Аз замони пеш то ба имрӯз, тибқи расму оинҳои наврӯзӣ, тамоми мардум хона ва ҷойи худро тозаву озод менамоянд. Хӯрокиҳо ва шириниҳои наврӯзӣ мепазанд. Ба сари мазору оромгоҳи хешовандон мераванд. Дар ин рӯзҳо мардум тамоми макони худро тоза мекунанд, кинаву адоватро аз якдигар дур менамоянд. Дар аксари минтақаҳо аз тариқи ҳашар ҷӯйборҳо ва ҷойҳои муҳимми сайргоҳҳоро тоза мекарданд, ниҳол мешинонданд ва корҳои мушкили пеш аз наврӯзиро иҷро менамуданд [ниг.: Раҳмонӣ 2013].

 

То расидани Наврўз занону духтарон хонаву ҳавлию оташдони худро тамиз мекунанд. Бо нияти нек суманак мепазанд. Пеш аз Наврӯз занҳо бо маҳорат бо пухту пази анвои ақсоми нону кулча, фатир, самбӯса ва ғизоҳои дигар машғул мешаванд. Мардҳо ба киштукори баҳорӣ омодагӣ мегирфтанду говҳои ҷуфтиро барои ҷуфтбарорӣ тайёр мекарданд. Дар сайргоҳи деҳаҳо дар дегҳои калон-калон шурбову палаву хӯроки ҳалиму ҳалиса омода мекарданд, ки аксари ин ҳунарҳо, фаъолиятҳо, оинҳои пешин то ба имрӯз дар зеҳни калонсолон мондааст ва ҳоло ҳам дар баъзе деҳаҳо амалӣ мешаванд.

 

Ниёгони мо ин ҷашнро аз наслҳои гузашта оварда, онро бо ҳамон шукӯҳаш ба мардумони дигар интиқол доданд. Тоҷикон ҳамеша талош намуданд, ки унсурҳои асосии наврӯзиро аз насл ба насл интиқол диҳанд. Ин аст, ки Наврӯз ҳоло дар тамоми минтақаҳои зисти мардуми мо ва ҳамсоягон бо унсурҳои қадимии наврӯзӣ мондааст.

 

Ҳарчанд дар замони СССР Наврӯз камрангтар шуд, вале мардум онро таҷлил менамуданд. Аз солҳои 50 шуруъ карда, баъд солҳои 60-80 асри ХХ дар Тоҷикистон аз ҷониби зиёиён куӯшиш шуд, ки ба ин ҷашни вобаста ба муҳити табиӣ ва кайҳонӣ аҳамият диҳанд. Дар ин давра мақолаҳо, шеърҳо ва гоҳе маҳфилу маъракаҳо баргузор мешуд.

 

Бояд гуфт, ки ҷашни Наврӯз бо шаъну шукуҳи нав дар даврони Истиқлоли Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳё гардид. Солҳои 1992 ва 1993 вазъият дар кишвар хеле печида буд. Пас аз Иҷлосияи шонздаҳуми Шурои Олӣ, бо интихоби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Сарвари давлат умед ба ояндаи тоҷикон ва Тоҷикистон пайдо шуд. Ҳамин умед буд, ки соли 1993 Пешвои миллат бо меҳр ба мардуми ҷабрдида Наврӯзро табрик намуда, гуфтанд: «Имрӯз ба сарзамини зиндагисози баҳори нозанин – Наврӯзи дилнишин фаро расидааст. Ин рӯзи саид ба ҳамаи мову шумо муборак бошад. Ба диёри куҳансоли мо, ба кӯҳу водиҳои мо нафаси тозае омадааст. Худо кунад, ки ин нафаси ободӣ, озодӣ, сулҳу салоҳ ва бахту саодат ба мулкамон бошад».

 

Ғояи олии Наврӯз буд, ки бо ташаббуси Пешвои миллат дар даҳсолаи аввали садаи ХХI ваҳдати фарҳангӣ дар байни кишварҳои ҳавзаи Наврӯз ба вуҷуд омад, ки онҳо хостанд дар якҷоягӣ ба таври расмӣ ҷашн гирифтани онро ба СММ пешниҳод намоянд. Бо талоши бевоситаи Пешвои хирадманд ва ҳамкории кишварҳои ҳавзаи Наврӯз дар таърихи 30 сентябри соли 2009 Наврўз бо 76 унсури ғайримоддии худ ба рўйхати мероси ғайримоддии башарии ЮНЕСКО ворид гардид. Баъдан 23 феврали соли 2010, дар 64-умин сессияи Генералии Ассамбелияи СММ, дар чаҳорчӯби моддаи 49-и рӯзномаи ҷаласа, таҳти унвони «Фарҳанги ҷаҳон», дар бораи ҳамчун «Рӯзи байналмилалии Наврӯз» дар 21-уми март ҷашн гирифтани Наврӯз қарор қабул карда шуд. Он аз ҷониби ҳайатҳои Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Туркия ва Туркманистон муштаракан таҳия, баррасӣ ва пешниҳод гардида буд.

 

Ҳамзамон, соли 2010 бо пешниҳоди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Наврӯз”, рузҳои 21 – 24 мартро – Иди байналмилалии Наврӯз эълон намудааст (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21.07.2010, № 611). Тибқи ин қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 21-24 март дар Тоҷикистон истироҳат муқаррар шуд.

 

Аз соли 2010 ва баъд шаҳомати Наврӯз бештар ва пуршукӯҳтар гардид. Он дар фарҳанги мардуми тоҷик ҳамчун рӯзи нав, рӯзгори нав, рӯзи шодмонӣ, рӯзи инсофу адолат, рўзи баробрию бародарӣ, рӯзи бахшоиши гуноҳҳои якдигар, рӯзи созиш ва бахшиш дониста шуд.

 

Баъди аз он ки Наврӯз ҳамчун ҷашни башардӯстона пазируфта шуд, 30 ноябри соли 2016 барои 12 кишвар сертификати номинатсияи Наврӯз аз тарафи ЮНЕСКО тақдим гардид.

 

Дар баҳору Наврӯз табиат ҷони тоза меёбад. Ҳоло ҳар сол, дар моҳи март, дар фазои мусаффо, бо сулҳу салоҳ дар сарзамини куҳанбунёди мо ва муҳити созандаю бунёдгари Ватани маҳбубамон накҳати бостонитарин ва зеботарин ҷашни ниёгонамон – Наврӯзи оламафрӯз танинандоз мешавад. Инак, аз соли 2010 ба ин тараф дар тамоми кишвар таҳти унвони «Тоҷикистон – ватани Наврӯз аст» маърака ва маҳфилҳои бошукӯҳ доир мегардад. Дар аксари наврӯзгоҳҳо, сайргоҳҳо ва дашту даман сайругашт, маҳфилҳо, дилхушиҳо ва ҳамчунин бозиҳои варзишӣ барпо мегарданд.

 

Вақте ҷашни Наврӯз наздик мешавад, мардуми тоҷик ба покизакорӣ оғоз мекунанд. Хонаҳо, оташдон, ҳавливу боғ ва ҷўйбору наҳрҳо, кӯчаву пасткӯчаҳоро аз партобҳои зимистонӣ тамиз менамоянд. Ҳама дастаҷамъона аз хонаву дару ҳавлиию гузари худ шуруъ намуда, то ҷойҳои калонтар ба тозагӣ даст мезананд. Ҳама ин корҳоро бо хоҳиши худ, бо завқу шавқ бо муҳаббат ва бо ҳашар иҷро менамоянд.

 

Нек аст, ки дар солҳои охир дар ҳар ноҳия ва шаҳрҳои кишварамон наврӯзгоҳҳо сохта шудаанд. Атрофи наврӯзгоҳҳо, биноҳои маъмурӣ, кӯдакситонҳо, донишгоҳҳо, хиёбону гулгаштҳоро бо тасвирҳову овезаҳои мунаққаш оро медиҳанд. Дар ин маврид барои ёдоварии ҳофизаи тахрихӣ аз осори ниёгон истифода мешавад. Он чи дар бораи Наврӯз аз сарчашмаҳо хондаанд, барои имрӯз мавриди истифода қарор медиҳанд. Нишонаҳои баробарии шабу рӯзро аз тариқи тасвирҳо кашида насб менамоянд. Ба хусус ба бунёдгузори Наврӯз Ҷамшеди устураворӣ рӯ оварда, симои устуравии вайро дар саҳнаи наврӯзгоҳ насб менамоянд.

 

Хуб аст, ки бо ташаббуси Пешвои миллат дар Наврӯзгоҳи шаҳри Душанбе унсурҳои «Тахти Ҷамшед», ки дар шаҳри Шероз, пас аз воқеа ва ҳодисаҳои таърих маҳфуз мондааст, таҳия шудааст. Ҳар сол кӯчаҳо, хиёбонҳо, майдонҳои шаҳрҳо, кӯдакистонҳо, мактабҳо, донишгоҳҳо ороиш меёбанд.

 

Ба хусус дар пойхтахти кишвар аз даромади ноҳияи Варзоб то Наврӯзгоҳ чунон зебову оро дода шавад, ки ҳам мардум ва ҳам меҳмонон аз намоши он лаззати баранд. Дар ороишот тамоми дастовардҳои ҳунарӣ, кишоварзӣ, санъатӣ, бозиҳои мардумӣ, хӯрокҳои миллӣ ва ғайра мавриди истифода қарор мегирад.

 

Тавре устод Айнӣ тасвир намудааст, дар Бухорои замони амирӣ низ дар назди арки Бухоро намоишҳои гуногун бо навбат ба маърази тамошо гузошта мешуд, ки бархе ба мисли «Корвони наврӯзӣ» буд. Дар шаҳрҳои калон, ба монанди Бухоро, Самарақанд, Хуҷанд корвони наврӯзӣ то нимаи аввали садаи бист вуҷуд дошт. Ин корвони шодмонӣ дар ҳар ҷо ҳар гуна буд. Тибқи ишорати А.Шишов, дар солҳои аввали асри бист дар Самарқанд мардҳо дар якшанбеи охири соли пеш аз Наврӯз гурӯҳ-гурӯҳ дар дастҳо машъал, бо рақсу бозӣ ва суруду шӯхӣ ба сӯи ҷӯи Оби Раҳмат мерафтанд [ниг.: Шишов 2006, с.346].

 

Ба гуфти Н.Нурҷонов, мардуми ҳар гузар ё маҳалли Самарқвнд дар ҷое ҷамъ шуда, баъд бо тартиб 200-300 нафарӣ якҷо, чун «Корвони наврӯзӣ», бо шодиву сурур ба сўи «сайлҷо» мерафтанд. Пешопеши корвон аспакбоз, доирдастон, карнаю сурнайнавозон, сарояндагон равон буданд. Ба дунболи онҳо ҳунармандони гуногункасб ҳаркат менамуданд: масхарабозони мард бо либоси занона ба шутуре савор, гаҳвораи хурд дар даст, дар даруни гаҳвора сагча; пас аз он дар шутур як довари харсавор мерафт, ки ӯ худро ба бӯрё печонида буд, ба хари дигар раисе савор буд; довар ва раис ришҳои дарози сохтаи хандаовар доштанд; ин ҳар ду ҳангоми ҳаркати «Корвони наврӯзӣ» бо тамасхур ба мардум чунон нигоҳ мекарданд, ки гўё вазифаи онҳо хеле муҳим аст, ба дунболи инҳо ду масхарабоз бо либосҳои хандавори масхараомез, бо тоқиҳои коғазӣ, рӯйҳои сурху зарди бо орд рангшуда, дар даст шишаҳои арақ ва раҳораҳ масту аласт бо ҷангу ҷидол тамошобинонро хандонда мерафтанд. Пас аз онҳо ҷавонон савори киштие рақскунон равон буданд. Онҳо гоҳе оташаке ба осмон сар медоданду мегуфтанд: «Ҳой баракалло!» Ҳар гурӯҳ кӯшиш мекард, ки барномаҳои рангини худро ҳам дар рафти «Корвони наврӯзӣ» ва ҳам дар сайргоҳ нишон диҳад. Беҳтаринҳо аз ҷониби мардум ситоиш мешуданд. Ҷашн чандин рӯз идома меёфт, вале намоиши идонаи «Корвони наврӯзӣ» дар 4-5 рӯзи аввал баргузор мегардид. Ин корвонҳои нарӯзӣ дар ҳар ҷо дар масири роҳи худ дар ҷойҳое чанд лаҳза истод шуда, бо рақсу бозӣ мардумро шод менамуданд [ниг.: Нурджанов 2002, с.67-68].

 

Ба таври куллӣ «Корвони наврӯзӣ» дар минтақаҳо ба монанди Хуҷанд, Исфара, Кӯлоб ва ҷойҳои дигар созмон дода мешуд. Ба хусус дар Кӯлоб дар маконе ба номи Тамошотеппа Наврӯз бо шукуҳ мегузашт. Калонсолон хуб дар ёд доранд, ки дар Тамошотеппа мардуми митақаҳои дигар бо созу навои худ даста-даста ба мисли «Корвони наврӯзӣ» меомаданд ва баъдан ҳунари худро намоиш медоданд.

 

Ҳамин тавр корвони наврӯзӣ дар гузаштаҳо дар ҳар шакл гоҳ-гоҳе баргузор мешуд. Аммо пас аз Истиқлолияти давлатии ҶТ дар канори шодмониҳои дигар «Корвони наврӯзӣ» дар шаклу қолабҳои замонавӣ баргузор мешуд. Дар солҳои ахир яке аз намоишҳои наврӯзӣ “Корвони наврӯзб” эҳё шуд. Ин раддаи думболадори гурӯҳи мардум, ҳунармандон, косибон, масхарабозон ва шахсони гуногунпеша, ки ба мисли корвон, дар рӯзи таҷлили Наврӯз аз назди тамошобинон мегузаранд. Тавре ки дар тасвирҳои Тахти Ҷамшед омадааст, ҳамин ҳаркати сарварони минтақаҳои гуногун, ки ҳаракати онҳо ба сӯи шоҳ инъикос ёфтааст, намоиши «Корвони наврӯз»-ро ба ёд меорад.

 

Боз яке аз дастовардҳои наврӯзӣ ин бо супориши Пешвои миллат соли 2018 чоп шудани ҷилди сеюми «Донишномаи фарҳанги мардум» чоп шуд, ки он «Наврӯз ва ҷашнҳои дигар» мебошад. Дар ин китоб таърихи Наврӯз аз замони қадим то имрӯз ва истилоҳоти зиёди вобаста ба ҷашни Наврӯз дар асоси сарчашмаҳо, дар мақолаҳои ҷудогона, бо тартиби алифбо, шарҳ ёфтааст. Аз ин донишнома дар бораи ин хусусиятҳои Наврӯз ва расму оинҳои он метавон маълумоти муфассал пайдо кард: Айёми Аҳуз, Аму Наврӯз, Амшоспандон, Арусгулӣ, Аруси наврӯзӣ, Аруси чордаҳфол, Аспакбозб, Асппойга, Ашагулон, Базми наврӯзӣ, Бандкашӣ, Бахткушоӣ, Бедонаҳанг, Бибӣ Наврӯз, Боба Наврўз, Бобои деҳқон, Бози сафед, Бойчечак, Бузкашӣ, Гандумкӯча, Гулгардонӣ, Гули сурх, Гулчинӣ, Гӯштӣ, Ғулингоб, Дави наврӯзӣ, Далда, Деги дарвешон, Дорбозӣ, Идӣ, Кабкҷанг, Кокулбофӣ, Корвони наврӯзӣ, Кочӣ, Кӯзаҳои наврӯзӣ, Кӯзашикан, Қошуқзанӣ, Маликаи наврӯз, Мири наврӯзӣ, Мунодии наврӯз, Наврӯзгоҳ, Наврӯзи Аҷам, Наврӯзи байналмилалб, Наврузхонӣ, Навсарда, Намоишҳои наврӯзӣ, Ниҳолшинонӣ, Об дар Наврӯз, Оби заъфарон, Оби Раҳмат, Обпошон, Озинбандӣ, Оташ дар Наврӯз, Оташафрӯз, Оштикунонӣ, Сабза, Сабзалагад, Сенздаҳбадар, Сози наврӯзӣ, Суманакпазӣ, Суруди суманак, Тухмҷанг, Фолгирӣ, Хонабаророн, Ҳафт дона, Ҳафт мева, Ҳафт мим, Ҳафт салом, Ҳафт син, Ҳафт синӣ, Ҳафт шин, Ҳоҷӣ Фирӯз, Чавгонбозӣ, Чорсайл, Ҷашни деҳқон, Чоршанбесурӣ, Ҷуфтбаророн, Шаббозор, Шоҳсуфа ва ғайра.

 

Дар охир бори дигар ёдовар мешавем, ки дар кишвари мо – Тоҷкистон Наврӯз дар солҳои охир ҳамчун ваҳдати фарҳангии гузашта ба имрӯз таҷлил шуда, мардум онро бо шодиву нишот ҷашн мегиранд. Аз ин рӯ, ҳар сол бо таровати наву тоза барпо намудани ин ҷашн барои тарбияи насли оянда ва худшиносии наврасон, ҷавонон, мардум аҳамият дошта, ба вижа барои донистани решаҳои таърихии худ арзишманд аст.

 

Аламшозода А.А. – муовини якуми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти милитсия.