Даври ҷамъбастии Фестивали ҷумҳуриявии “Сад ранги чакан” дар шаҳри Душанбе

Ҳамадонӣ:  

Бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон даври ҷамъбастии Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе доир гардида, дар он Роҳбарияти олии кишвар, сокинону меҳмонони дохилу хориҷи мамлакат, роҳбарону намояндагони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, беҳтарин кадбонуҳои ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ноҳияҳои минтақаи Рашт иштирок намуданд.Маврди зикр аст, ки занони ҳунарманди ноҳия бо хушнудӣ ва изҳори қаноатмандӣ аз иқдоми фарҳангпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳунари хешро дар фестивали мазкур пешкаши ҳозирин намуданд. Бояд ёдовар шуд, ки дар 13-умин ҷаласаи Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО дар шаҳри Порт-Луиси Ҷумҳурии Маврикий номинатсияи «Чакан, ҳунари гулдӯзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз ҷониби ин созмони бонуфуз ба мероси фарҳанги ғайримоддии башарият расман ворид гардид, ки аз фарҳангу тамаддуни пурғановат доштани миллати соҳибхиради тоҷик далолат медиҳад.Қайд гардид, ки бо мақсади ташвиқу тарғиби арзишҳои миллӣ, анъанаҳои неки ниёгон, муаррифии фарҳангу ҳунари волои халқи тоҷик ҳамасола дар кишвар ҷашнвораҳои бошукӯҳи байналмилалӣ, фестивалу озмунҳои ҷумҳуриявӣ, конференсияву симпозиумҳо ва дигар тадбирҳои судманд амалӣ мегарданд. Аз тарафи кумитаи тадорукоти фестивали мазкур ҳунари занони ноҳия қадрдонӣ гардида, бо Сипоснома сарфароз гардонида шуданд.