КОНСТИТУТСИЯ ҲАМЧУН ҲУҶҶАТИ ОЛИИ ҲУҚУҚӢ ВА АҲАМИЯТИ ОН ДАР ЗАМОНИ МУОСИР

Ҳамадонӣ: Андеша  

Конститутсия ҳамчун санади муҳимтарини ҳуқуқӣ асоси ҳуқуқии ҳар як давлат буда, мувофиқи хусусияти сиёсии худ ҳуҷҷати ҷозибаноки муттаҳид ва сафарбаркунандаи тамоми мардум аст. Бо ин сабаб конститутсия асоси ҳуқуқии давлатдории ҳама гуна шакли сиёсии давлатдорӣ мебошад.

Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати сиёсӣ мазмуни ба худ хос дорад. Одатан, дар он шакли ҳуқуқии масъалаҳои муҳимтарини ба соҳибихтиёрии давлат, шакли он, ба ҳокимияти давлатӣ, сохтори давлатӣ, ҳолати ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд, шаклҳои моликият алоқаманд, муқаррар карда мешаванд. Меъёрҳои конститутсионӣ барои фаъолияти мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, шахсони мансабдор, шаҳрвандон, хориҷиён ва шахсони шаҳрвандӣ надошта, ки дар Тоҷикистон истиқомат доранд, асос мебошанд. Меъёрҳои конститутсионӣ бисёр вақт усулҳо ва самтҳои асосии сиёсати давлат, аз ҷумла, сиёсати хориҷиро низ муқаррар менамоянд.

Тағйирёбии манфиати қувваҳои дар ҳокимиятдорӣ иштирок дошта вобаста ба мавқеи онҳо дар таркиби ҷамъият, ба тағйирёбӣ ва ба дигаргуншавии конститутсия сабаб мегардад. Яъне на фақат пайдоиш, балки мавҷудият ва инкишофи конститутсия низ ба созиши қувваҳои иҷтимоӣ-сиёсии ҷамъият алоқаманд аст. Устувории Конститутсия бо пойдории муносибатҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ-иқтисодӣ, фарҳангӣ, динӣ ва ғайра, ки дар марҳалаи муайян дар ҷамъият амал мекунанд, вобаста аст.

Соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон ба қабули конститутсияи нави он асос гардид. Дар он хусусиятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ эълон гардиданд. Гарчӣ баъзе меъёрҳои он бо конститутсияҳои пешина умумият доранд, вале баробари ин бисёр ҳолатҳои нав муқаррар карда шудаанд, ки хусусиятҳои давраи нави давлатдории Тоҷикистонро инъикос мекунанд.

Сарчашмаи асосии конститутсияи нави Тоҷикистон Эъломияи истиқлоли Тоҷикистон соли 1990 -1991 аст, ки дар он ба таври сиёсӣ-ҳуқуқӣ соҳибихтиёрии давлатии Тоҷикистон эълон гардидааст. Маҳз дар он якумин бор эълон карда шудааст, ки дар марзи Тоҷикистон ҳукмравоии Конститутсияи Тоҷикистон ва қонунҳои он муқаррар карда мешавад. Инчунин муайян карда буд, ки Эъломияи мазкур барои таҳияи конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон асос мебошад. Умуман, Эъломияҳо таърихан дар тайёр ва қабули конститутсияҳои нав ҳамчун ҷанини сиёсӣ - ҳуқуқӣ хеле мақоми калон доранд.

Мазмуни асосии Конститутсияи Тоҷикистон соли 1994 чанде пештар аз қабули он дар конститутсияи соли 1978 ва баъзе қонунҳои хислати конститутсионӣ доштаи Тоҷикистон муайян гардида буданд. Аз давраи саршавии рафти тайёр кардани лоиҳаи Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба солҳои 1989-1990 рост меояд, ки қабули он ба конститутсияи он вақт амалкунанда чандин бор тағйироту иловаҳои зиёд дароварда шуданд, ки баъдтар онҳо мазмуни асосии конститутсияи нав ва қонунҳои навро ташкил карданд. Масалан, меъёрҳо дар хусуси давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ будани Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар хусуси забони давлатӣ, шаклҳои моликият, вазъи конститутсионии Президент ва салоҳияти ӯ ҳанӯз чанде пеш ба матни Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1978 дохил карда шуда буданд.

Мавқеи конститутсия дар муайян ва равон кардани мазмуни қонунҳои сершумор ва санадҳои ҳуқуқии Тоҷикистон бо роҳи татбиқи асосҳо ва заминаҳои муқаррар гардида хеле калон аст. Аз ин рӯ конститутсия ва ҳолату меъёрҳои он дар ташакулёбии низоми ҳуқуқӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар пойдор гардидан ва камолоти давлатдорӣ дар Тоҷикистон аҳамияти муайянкунанда дорад.

Моҳияти Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи ирода ва манфиати халқи Тоҷикистон буда, мувофиқи он меъёрҳое муқаррар мекунад, ки таркиби сохтори ҷамъият, сохтори давлат ва низоми мақомоти давлатӣ, ҳолату ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд, вазъи ҳуқуқии шахсони мансабдор ва дорои салоҳияти онҳоро муайян менамояд.

Дар хусуси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 ва тағйироту иловаҳое, ки ба он дар раъйпурсиҳои соли 1999, 2003 ва 2016 дохил карда шуданд, дар чандин рисолаю мақолҳои илмии дар мамлакат ва берун аз он чоп шуда маълумоти муфассал дода шудааст.

Қувваи олии ҳуқуқии конститутсия дар ҷамъи хусусиятҳои ҳуқуқии он ниҳон аст, ки онҳо дар якҷоягӣ мавқеи конститутсияро дар низоми ҳуқуқӣ ва қонунгузорӣ, дар байни сандаҳои олии ҳуқуқӣ-сиёсӣ муайян менамоянд.

Конститутсия на фақат Қонуни асосӣ, балки санади махсуси ҳуқуқиест, ки бо эътибори олии ҳуқуқии худ аз дигар қонунҳо фарқ мекунад. Ҳеҷ як қонуни дигар бо эътибори ҳуқуқии худ ба он баробар шуда наметавонад. Конститутсияи Тоҷикистон дорои ҳамаи он хусусиятҳое, мебошад, ки умуман ба қонунҳо хосанд. Баробари ин, ӯ хосиятҳои ҳуқуқие дорад, ки қонуни махсус будан ва нисбат ба дигар қонунҳо бартарӣ ва қувваи махсуси ҳуқуқӣ доштани ӯро нишон медиҳанд. Ин хусусиятҳои махсуси ҳуқуқии Конститутсияи Тоҷикистон чунинанд:

1. Меъёрҳои конститутсия сарчашмаи асосгузорандаи на фақат соҳаи ҳуқуқи конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки ҳамаи дигар соҳаҳои ҳуқуқии ҷумҳурӣ: маъмурӣ, маданӣ, ҷиноӣ, никоҳу оила, меҳнатӣ, экология, молия ва ғайра мебошанд. Онҳо чӣбевосита ва чӣ ба воситаи меъёрҳоои ҳамаи дигар соҳаҳои ҳуқуқии Тоҷикистон татбиқ мегарданд;

2. Ҳамчун манбаи асосии қонунгузории ҷорӣ бештар вақт худи конститутсия қабули ин ё он қонуни ҷумҳуриро муқаррар мекунад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ қабули қонунҳои ҷорӣ ва чӣ қонунҳои конститутсиониро пешбинӣ мекунад. Масалан, мувофиқи моддаи 7 тартиби таъсис ва тағйири воҳидҳои марзию маъмуриро қонуни конститутсионӣ танзим менамояд. Конститутсия қабули зиёда аз даҳ қонунҳои конститутсиониро пешбинӣ кардааст;

3. Қонунҳои ҷорӣ бояд бо конститутсия мувофиқ оянд, дар ҳолати мувофиқ наомадан, меъёрҳои конститутсионӣ амал мекунанд. Қонунҳо ва дигар сандаҳои ҳуқуқие, ки хилофи конститутсияанд, эътибори ҳуқуқӣ надоранд;

4. Конститутсияи Тоҷикистон бояд ба меъёрҳои санадҳои эътирофшудаи байналмилалӣ мувофиқат кунад. Санадҳои байналмилалие, ки хилофи Конститутсия Тоҷикистон мебошад, набояд аз тарафи Маҷлиси Олии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд. Санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, қисми таркибии низоми ҳуқуқии ҷумҳуриро ташкил медиҳанд;

5. Ҳамаи санадҳои зериқонуние, ки дар Тоҷикистон бароварда мешаванд, набояд бар хилофи конститутсия бошанд, дар ҳолати ба конститутсия мувофиқ наомадан, қувваи ҳуқуқии он эътироф карда намешавад;

6. Мақомоти қонунгузории Тоҷикистон, шахсони мансабдори олии давлатӣ ҳамон санадҳои ҳуқуқиеро бароварда метавонанд, ки дар Конститутсияи Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд. Масалан, Президент мувофиқи моддаи 70 Конститутсия дар доираи салоҳияти худ фармон мебарорад ва амр медиҳад;

7. Конститутсия бо ҳамон тартибе, ки пешбинӣ кардааст, аз тарафи субъектони ӯ муқаррар карда, тағйир дода мешавад. Тартиби қабули конститутсия дар худи он ё ки дар қонуни конститутсионии махсус муқаррар карда мешавад.

Ҳамин тариқ, меъёрҳои конститутсия хусусияти муҳимми таъсискунӣ доранд. Дар онҳо ҳар гуна шаклҳои идоракунии сиёсӣ ва сохтори давлатӣ, усулу заминаи нави ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ муқаррар карда мешаванд. Дар Конститутсияи Тоҷикистон якумин бор давлати ягона ва иҷтимоӣ эълон гардидааст, усули таҷзияи ҳокимияти давлатӣ ва ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва суд эълон карда шуда, дар дараҷаи муайян усули татбиқи он муқаррар карда шудааст. Конститутсияи нав низоми нави мақомоти қонунгузор ва иҷроияро муқаррар карда, доираи салоҳияти онҳоро муайян намудааст.

Саидмудассир НЕЪМАТЗОДА, магистранти “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон”