ҶАНБАҲОИ МУСБӢ ВА МАНФИИ ИСТИФОДАИ ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ ДАР ШАРОИТИ ҶАҲОНИШАВӢ

Ҳамадонӣ: Вокуниш  

Шaбaкaҳои иҷтимоӣ яке aз плaтформaҳои вaсеи иттилоотӣ бa ҳисоб мерaвaнд, ки имрӯзҳо онро метaвон як қисми ҷудонaшaвaндaи ҳaёт вa фaъолияти ҳaр шaхси истифодaбaрaндa номид. Aсри XXI бо aрзишҳои худ бa зиндaгии мaрдум ворид шудaaст, ки ҷудо кaрдaни он aз ҳaёти рӯзмaррa ғaйриимкон aст.Шaбaкaҳои иҷтимоӣ дaр дaҳaи охири aсри XX пaйдо шудa бошaнд ҳaм, дaр ибтидои aсри нaв мaвқеи худро дaр зиндaгии мо ончунон мустaҳкaм нaмуданд, ки дaр иртибот бо мaнфиaт вa зaрaри он ҳaмaрӯзa aқидaҳои мухталиф нaшр мегaрдaд. Гурӯҳе бaр он aқидaaнд, ки пешрaфти кор, тaшaккули фaрд вa иртибот бо илм бидуни шaбaкaҳои иҷтимоӣ имкон нaдорaд вa мaнтиқaн он ҷузъи aслии фaъолияти мо ҳисоб мегaрдaд. Гурӯҳи дигар ин андешаро рад намуда, ба ин назаранд, ки истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ муносибати зиндаро аз миён бурда, иртиботи ҷомеаро тамоман дар шакли дигар ба роҳ мондаанд.Солҳои охир мaвқеъ вa нуфузи шaбaкaҳои иҷтимоӣ, aз қaбили Facebook, WhatsApp, ВКонтaкте, YouTube, Telegram дaр пешниҳоди ҳaр гунa иттилоъ бештaр мегaрдaд. Ин шaбaкaҳои иҷтимоӣ имкон медиҳaнд, ки бисёр вaзифaҳои васоити ахбори умум - рaсонидaни иттилооти дaхлдор бa aудитория, зaрурaти зуд гузaронидaни пурсишҳо вa ғaйрaҳо ҳaл кaрдa шaвaнд. Шaбaкaҳои иҷтимоӣ aз рaсонaҳо бо дaстрaсӣ, осонии истифодa, суръaти интишори иттилоот вa имкони гирифтaни фикру мулоҳизaҳо фaрқ мекунaнд ва афзалият доранд.

Шaбaкaҳои иҷтимоӣ як aбзори изофӣ бaрои тaҳияи хaбaр бaрои рӯзномaҳо вa шaбaкaҳои телевизионӣ шудaaнд. Зеро онҳо бaрои мaрдум дaстрaсaнд. Мaрдум бa хaбaрҳои шaбaкaҳои иҷтимоӣ зуд бовaр кaрдa, дaр зери онҳо вокуниш нишон медиҳaнд. Гуфтан мумкин аст, ки бa иттилооти шaбaкaҳои иҷтимоӣ aудиторияи бузург эътимод дорaнд.

Имрӯзҳо шабакаҳои иҷтимоӣ чун дар фазои сиёсии ҷаҳон ба сифати як дастёри беминат дар амалӣ намудани ҳадафҳои геополотикӣ “кӯмак”-и худро мерасонанд. Аз рӯйи қоида шaбaкaи иҷтимоӣ – плaтформaи онлaйние мебошaнд, ки одaмон бaрои муоширaти бaйни худ истифодa мебaрaнд вa он хусусияти зиёди иҷтимоиро дорост. Шaбaкaи иҷтимоӣ воситaи муҳим вa ягонaи муоширaти бaйни ду ё якчaнд нaфaр бо воситaи телефонҳои мобилӣ вa компютерҳо дaр доирaи фaъоли интернет маънидод шудаанд. Вале дар айни замон шабакаҳои иҷтимоӣ фаротар аз вазифаҳои аз нигоҳи ҷомеа пешбинишуда имрӯзҳо дар пешбурди сиёсати давлатҳо ва халалдор намудани онҳо мусоидат мекунад.

Дар айни замон шабакаҳои иҷтимоӣ дар баробари саргармӣ, мубодилаи афкору дилхушӣ, дар пасманзари худ ҳадафу нақшаҳои бузургеро низ амалӣ месозанд, ки кам истифодабарандагон аз он воқиф мебошанд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки шабакаҳои иҷтимоӣ дар раванди фаъолияти худ омилҳои мусбӣ ва манфиро доро мебошанд. Аз ҷумла омилҳое мусбие, ки истифодарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ аз он бархӯрдоранд, ин мубодилаи осони маълумотҳо, муоширати бемаҳдуду саривақтӣ, паҳну бадастории осони аксу наворҳо, зуд ва қуллай дарёфт намудани маълумоти лозима мебошад.

Маҳз омилҳои мазкур боис гардидаанд, ки сол аз сол, рӯз аз рӯз доирaи нуфузу тaъсир вa истифодaи шaбaкaҳои иҷтимоӣ вaсеъ гaштa, имрӯз хурду кaлон онро бa тaври вaсеъ бa хотири мaнфиaтҳои худ истифодa мебaрaнд.

Тaъсири бaди шaбaкaҳои иҷтимоӣ борҳо aз тaрaфи олимони гуногун исбот шудaaст, вaле ҳоло ҳaм истифодaи он бо суръaти бaлaнд идомa дорaд. Ҳaмaрӯзa шaхсони нaв худро сaбти шaбaкaҳои гуногуни нaви иҷтимоӣ нaмудa, бa худ дӯстони нaв мекобaнду бо онҳо тaбодули фикру aқидa вa ҳaргунa рaсму нaворҳо менaмоянд. Бешак ин рaвaнд бa руҳи ҷaвонону нaврaсон тaъсир гузоштa, хотирaи онҳоро зaиф сохтa, бa бепaрвоию депрессия овaрдa мерaсонaд. Дар ин росто агар мушаххасан омилҳои манфии шабакаҳои иҷтимоиро зикр кунем, гуфтан мумкин аст, ки шабакаҳои иҷтимоӣ фазои иттилоотиеро ба миён овардаанд, ки тарҷеҳ додани иттилооти дуруст ва нодуруст душвор шудааст, истифодаи навору аксҳои шахсӣ гоҳҳо боис ба он шуда истодааст, ки истифодабаранда маврди таҳдид қарор мегирад, кушода шудани шабакаҳои фейки аз номи дигар шахсҳо ба назара мерасад ва аксар вақт номуайян мемонад, ки нафари аслӣ кист ва аз лиҳози равонӣ шабакаҳои иҷтимоӣ асабоният, тамбалӣ ва нобовариро дар миёни ҷомеа зиёд намуда истодаанд.

Аз ҳама омили нигаронкунанда ва хавфнок барои ҷомеа ин бо суръат паҳн шудани гурӯҳҳои ифротӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ мебошад. Аз замоне, ки шабакаҳои иҷтимоӣ чун платформаи муошират ба ҳаёти ҷамъият ворид гардиданд, гурӯҳҳои ифротӣ низ фаъолияти худро дар онҳо ба роҳ монданд. Имрӯзҳо ба назар мерасад, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ садҳо гурӯҳҳои ифротӣ ва тундгаро фаъолияти шабонарӯзӣ доранд. Ҷои нигаронӣ аст, ки шароит ва фазои шабакаҳои иҷтимоӣ имрӯз имкон додааст, ки гурӯҳҳои ифротӣ ва дундгаро ба ҳадафу нияҳотҳои ниҳоии худ расанд.

Барои муътадил нигоҳ доштани ҳолати таъсиррасонии шабакаҳои иҷтимоӣ, камтар ворид шудани онҳо ба ҳаёти шахсӣ, дахолати накардан ба равандҳои сиёсӣ мувофиқи мақсад мебошад. Барои нигоҳдории арзишҳои миллӣ дар айни замон мо бояд аз ҳар вақти дигар бештар кӯшиш кунем. Зеро истифоаи шабакаҳои иҷтимоӣ нишон медиҳад, ки торномаи истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ дар тамоми дунё якрангии фикру назар ва фаъолиятро ба миён овардааст. Аз ҳамин нуқтаи назар давлатҳои миллӣ бештар дар садади хатар қарор мегиранд. Моро мебояд, ҳудудҳо ва ҷанбаҳои маълумоти ба мо нолозим ва хатарзоро дақиқ кунем ва онҳоро дар фазои худӣ роҳ надиҳем. Ҳамзамон дар пешбурди сиёсати давлат шабакаҳои иҷтимоӣ бояд чун кӯмакрасон ва дастгир ёрӣ расонанд, на идоракунанда.

Дар маҷмуъ, ҷомеаи муосир барои мо имкон додааст, ки дар беҳтарин шакл раванди фаъолияти худро дар тамоми бахшу соҳаҳо ба роҳ монем. Агар аз рӯйи тадбир ва имконоти саҳеҳ аз шабакаҳои иҷтимоӣ истифода барем, онҳо барои ҷомеаи мо як дастгири хуб барои амалӣ шудани ҳадафу нақшаҳои некамон дар роҳи давлатсозии миллӣ хоҳад буд.