МАРҲИЛАИ НАВИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ИТАЛИЯ

Ҳамадонӣ: Вокуниш  

Аз рӯзҳои аввали истиқлоли Тоҷикистон ҳамкорӣ бо мамлакатҳои Аврупо яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор мерафт. Ин буд, ки бо Британияи Кабир 15 январи соли 1992, бо Олмон 28 феврали соли 1992, бо Фаронса 3 марти соли 1992 ва ҳамзамон бо Италия 15 майи соли 1992 муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барқарор шуд.Дар Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр шудааст, ки: “Тоҷикистон Иттиҳоди Аврупоро, ки ба пешрафти бахшҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ мусоидат менамояд, яке аз ҳамкорони муҳими иқтисодии худ мешуморад ва минбаъд низ талош хоҳад кард, ки бо ин иттиҳоди бонуфузи байнидавлатӣ ҳамкориҳои дарозмуддати устуворро дар асоси усули судмандии мутақобил густаришу инкишоф диҳад. Ин ҳамкорӣ, дар маҷмӯъ, ниҳодҳои гуногуни Аврупо, аз ҷумла Парлумони Аврупо, Шӯрои Аврупо, Бонки сармоягузории Аврупо ва созмону сохторҳои дигарро дар бар хоҳад гирифт. Дар баробари ин, густариш ва тақвияти ҳамкориҳои гуногунҷанбаи дуҷониба бо кишварҳои мухталифи аврупоӣ, аз ҷумла бо Ҷумҳурии Италия барои Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми авлавиятнок доранд”. Аз ин бармеояд, ки муносибатҳои Тоҷикистон бо кишварҳои Аврупо дар асоси принсипи ҳамзистии осоишта ва эҳтирому эътирофи меъёрҳои муайяншудаи байналмилалӣ ба роҳ монда шудааст.

Италия аз соли 1861 то инҷониб яке аз қудратҳои пешрафтаи ғарбӣ маҳсуб мешавад. Манфиатҳои сиёсати хориҷии Италия аз ҷиҳати таърихӣ, геополитикӣ ва иқтисодӣ: раванди ташаккули давлати Италия ва статус-квои он, ҷойгиршавии геополитикӣ дар баҳри Миёназамин («дарвоза ба Аврупо»), ки пас аз Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ ба вуҷуд омадааст, инчунин сохти иҷтимоиву иқтисодӣ ва саноатии мамлакат муайян карда мешаванд.

Италия як қудрати минтақавӣ аст ва иқтидори иқтисодӣ дошта, барои бозорҳои кушод манфиатдор аст. Барои Италия, ки саноати мутараққӣ ва истеҳсолоти молҳои дорои арзиши баланд дорад, чунин шарт барои кафолати рақобатпазирии низоми истеҳсолоти иқтисодӣ ва таъмини шуғли аҳолӣ ниҳоят муҳим аст. Ниҳоят, Италия як абарқудрати фарҳангӣ бо захираҳои назарраси “нерӯи нарм” низ мебошад. Ҳамгироии сиёсат, иқтисодиёт, иқтидори илмиву бадеӣ ва таърихӣ ба мо он медиҳад, ки мавқеи худро дар арсаи байналмилалӣ мустаҳкам кунад. Сиёсати берунии Италия бевосита ба Иттиҳоди Аврупо ва Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ(СААШ) такя мекунад.

Дар шароити ноустувори вазъияти сиёсии дохилии мамлакат дар нимаи аввали солҳои 90-ум равиши минтақавии ҳукуматдорони Италияро ду омил муайян мекард: бартарии манфиатҳои иқтисодӣ ва зарурати мувофиқ будан дар маҷрои сиёсати умумии мамлакатҳои Ғарб дар Осиёи Марказӣ. Илова бар манфиатҳои иқтисодӣ, амалҳои Италия дар Осиёи Марказӣ таваҷҷуҳро ба мушкилоти қочоқи маводи мухаддир равшан нишон медиҳанд. Бесабаб нест, ки Италия ба яке аз «гурӯҳҳои хурди Дублин» — барои Осиёи Марказӣ, ки ба ҳайати ба ном «Гурӯҳи Дублин»-и иттиҳоди ғайрирасмии мамлакатҳои Ғарб оид ба ҳамкорӣ ҷиҳати муборизаи байналхалқӣ бар зидди таҳдиди нашъамандӣ дохил мешавад, роҳбарӣ мекард. Мубориза бо қочоқи маводи мухаддир дар меҳвари таваҷҷуҳи Италия қарор дорад ва моҳи майи соли 2003 миёни ш.Рим ва ш.Душанбе созишнома дар бораи ҳамкорӣ дар мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфта ва қочоқи ғайриқонунии маводи мухаддир ва прекурсорҳо ба имзо расид. Қайди ин нуқта бамаврид аст, ки Ҷумҳурии Италия ҳангоми бунёд кардани Агентии назорати маводи мухаддир дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз давлатҳои донор буд.

Ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Италия ҳамвора вусъати тоза касб мекунад ва дар самти иқтисод якчанд лоиҳаҳои муштарак роҳандозӣ гардидааст. «Муассисаи тиҷоратии Италия» намояндагии хешро аз соли 2003 дар Тоҷикистон ифтитоҳ карда, барои мошинҳои сабук ва борбар таҷҳизот таъмин мекунад. Ширкати муштараки Тоҷикистону Италия «Ҷавонӣ» ба истеҳсоли сару либос машғул аст.

Муносибатҳои Тоҷикистон ва Италия дар марҳилаи муосир ҳамвора ҷараён дошта, сафарҳои ходимони давлатӣ дар тақвияти ҳамкориҳо нақши муассир дорад. Аз ҷумла, сафари Котиби давлатии Ҷумҳурии Италия оид ба корҳои хориҷӣ - сенатор Ҷианни Вернетти ба Тоҷикистон (21-22. 05. 2007), котиби давлатии Вазорати корҳои хориҷии Италия - сенатор Алфредо Мантика (2.04.2009), Вазири корҳои хориҷӣ ва ҳамкориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Италия Луиджи Ди Майо (4.09.2021) ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тавсеаи ҳамкориҳо дарак медиҳанд.

Ҳамзамон, мулоқоту гуфтушунидҳои роҳбарияти олии ду кишвар идомаи мантиқии мавҷудияи ҳамкориҳои самаровар мебошад. Аз ин ҷост, ки рӯзи 22 ноябри соли 2002 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар “Конгресс-сентр”-и шаҳри Прага бо Сарвазири Италия Силвио Берлускони мулоқот намуда, доир ба масъалаҳои ҳамкории дуҷониба ва масъалаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ мубодилаи афкор карданд. Чунин мулоқоти Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо муовини вазири корҳои хориҷии Италия Маргерит Бонивер 21 майи соли 2003 дар шаҳри Душанбе доир шуда, мусоҳибон ба сатҳи мавҷудаи муносибатҳои дуҷониба баҳои баланд доданд. Зикр шуд, ки сафари М. Бонивер идомаи ҳамкориҳои сиёсии Тоҷикистону Италия мебошад. Ҳамзамон ҷонибҳо ба зарурати фароҳам овардани заминаи ҳуқуқӣ барои тавсияи минбаъдаи ҳамкории дуҷониба диққати калон доданд. Инчунин доир ба ҳолати мавҷудаи Афғонистон ва минтақа табодули афкор сурат гирифт.

Инчунин, миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Италия созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расидаанд, ки заминаи аҳдномавию ҳуқуқии ҳамкориҳои ду мамлакатро ба танзим меоранд. Аз ҷумла, созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Италия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, саноатӣ ва техникӣ ва Протоколи ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Италия, ки соли 2009 ба имзо расидааст, аз зумраи онҳо мебошад.

Дар мулоқотҳои пайвастаи Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва Вазири корҳои хориҷӣ ва ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Италия Луиҷӣ Дӣ Майо (13.12.2019), ки дар доираи конфронси байналмилалии “Италия ва Осиёи Марказӣ: таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ, ҳамкорӣ ва шарикӣ” дар шаҳри Рим баргузор шуд, инчунин дар вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин ва Луиджи Ди Майо дар шаҳри Душанбе (4.09.2021) ва дар ҳошияи Конференсияи дуюми вазирони “Италия - Осиёи Марказӣ” дар қолаби С5+1 дар Тошканд (8.12.2021) дурнамои муносибатҳои сиёсӣ, ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, илмиву фарҳангӣ, тандурустӣ, бехатарӣ, мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир, ҷиноятҳои фаромиллӣ миёну ду кишвар, вазъ дар Афғонистон ва масоили минтақавию ҷаҳонӣ баррасӣ гардиданд.

Дар тақвияти ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Италия сафари Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи 22 апрели соли 2024 ба Италия ва Ватикан нақши созанда мебозад. Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Италия Серҷо Маттарелла мулоқот ва доираи васеъи масъалаҳои мубрами дуҷонибаро матраҳ карданд. Аз ҷумла, доир ба масоили сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ, имконоти татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ, соҳаҳои гидроэнергетика, саноати сабук, хӯрокворӣ, дорусозӣ, истихроҷи маъдан, истифодаи захираҳои табиию кишоварзӣ, равобити фарҳангию гуманитарӣ ва ҷалби ҷавонон ба таҳсил дар муассисаҳои олии Италия, ҳамкорӣ дар доираи ташкилоту созмонҳои бонуфузи олам, аз қабили Созмони Милали Муттаҳид(СММ), Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) ва дигар сохторҳои байналмилалӣ, масъалаи обу иқлим, ҳифзу таҳкими амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ, мубориза бар зидди ифротгароиву терроризм, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, аз ҷумла қочоқи маводи мухаддир ва ҷиноятҳои киберӣ табодули афкор сурат гирифт.

Дар баробари масъалаҳои зикршуда, ҳамзамон ҳамкориҳо дар соҳаҳои гидроэнергетика, саноати сабук, металлургия, хӯрокворӣ, кимиё, маъдан, дорусозӣ, сайёҳӣ ва кишоварзӣ, дар вохӯрии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Италия Ҷорҷа Мелонӣ рӯзи 23 апрели соли 2024 мавриди муҳокима қарор гирифта, дар робита ба вазъи мураккаби ҷаҳон ҳамкориҳои самароварро дар самти мубориза бар зидди таҳдиду хатарҳои муосир зарур донистанд. Дар фарҷоми мулоқот 7 санади нави ҳамкорӣ дар бахшҳои амният, ҳамкории фаврӣ дар мубориза бар зидди маводи нашъаовар, дар соҳаи сайёҳӣ, фарҳанг, илм ва технология барои солҳои 2024-2027, муҳити зист ва амнияти энергетикӣ, бекор кардани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ, барномаи ҳамкорӣ байни Вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар барои солҳои 2024-2026 ба имзо расиданд, ки бешубҳа дар тавсеа ва густариши ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Италия нақши намоён мегузоранд.24 апрел мулоқоти сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Мудири иҷроияи Ширкати “ВиБилд” (WeBuild) Пиетро Салинӣ сурат гирифта, масоили ҳамкорӣ оид ба рафти сохтмони НБО-и Роғун муҳокима ва оид ба тезонидани корҳову истифодаи босамар аз имкону захираҳои мавҷуда табодули андеша карданд. Инчунин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар шаҳри Пистоя аз парваришгоҳҳои ниҳолҳо дидан карда, бо усули шинондану парвариш, қаламчагирӣ, роҳҳои муосири обу ғизодиҳӣ ва тобоварсозии онҳо ба бемориҳо ва ҳашароти зарарасон ва ба хусус мутобиқати онҳо ба иқлими Тоҷикистон шинос шуданд.Ҳамзамон, дар доираи сафар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо донишҷӯёни тоҷик ва кормандони ташкилоту созмонҳои бонуфуз, ки дар Италия ба сар мебаранд вохӯрда, аз аҳвол ва шароити таҳсилу корашон ошно гардиданд.

Ҳамин тариқ, метавон хулоса намуд,ки:

-сафари Сарвари давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Италия ва Ватикан намунаи возеҳи сиёсати бисёрқутбаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар шароити имрӯзи ҷаҳони муосир ояндабинона ва дорои аҳаммияти умумимиллӣ мебошад;

-ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Италия ба марҳилаи нави густариши худ ворид гардида, дар ояндаи наздик дар заминаи созишномаву ёддоштҳои баимзорасида ва барномаҳои муштараки тарҳрезишуда натиҷаҳои назаррас ба бор меорад;

-дар шароити печидаи замони муосир ва душвор шудани вазъи муҳоҷирони меҳнатӣ, ҳамкорӣ бо кишварҳои Ғарб, бахусус бо Италия дорои аҳаммияти муҳим мебошад ва метавонад дар ҳалли масъалаҳои мавҷуда мусоидат кунад, зеро сатҳи бо кор фаро гирифтани аҳолӣ дар Италия дар соли 2023 ба 61,8% барорбар шуда, сатҳи бекорӣ ба 4,2% расидааст. Дар Италия кадрҳои баландихтисос: кафшерчиён, фрезерчиён, токарҳо, таъмиргарон, электрикҳо, духтурҳо, муҳандисон, математикҳо ва физикҳо намерасанд. Пешхизматхо ва коргарони мавсимии саҳро низ махсусан серталабанд. Дар баъзе минтақаҳо, аз ҷумла минтақаи истеҳсолкунандаи зайтуни Беличии Ситсилия, деҳқонон барои киро кардани 4 ҳазор коргари хориҷӣ мубориза мебаранд, ки одатан барои ҷамъоварии ҳосили тақрибан зиёда аз 18 ҳазор боғҳои зайтун лозиманд.

Бояд таъкид намуд,,ки ҳамкорҳои Тоҷикистон бо кишварҳои Аврупо, бахусус бо Италия равнақ меёбад ва он ба беҳбудии шароити зиндагии халқҳои ду кишвар мусоидат хаоҳад кард