ТАҚДИМИ ШАҲОДАТНОМАИ ҲИЗБӢ ЗЕРИ УНВОНИ "АЪЗОИ ҲХДТ БУДАН ИФТИХОР АСТ"

Ҳамадонӣ:  

Имрӯз, шаҳодатномаи ҳизбӣ ба яке аз ҷавони худогоҳ - мутахассиси пешбари шуъбаи танзими Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҳамадонӣ Темуров Шоҳин Абдулқосимович тақдим карда шуд. 

      Зимни суроридани шаҳодатномаи Ҳизб, мудири шуъбаи иттилоот ва таблиғоти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҳамадонӣ муҳтарам Бахтзода Ҷомӣ узви ҷадиди Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро табрик намуда аз ҷумла қайд намуданд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мактаби бузурги камолоти ҷавонон буда, чун ниҳоди сиёсӣ ва ҷамъиятӣ дар ташаккули шахсият таъсири амиқ расонида ҳамчун нерӯи пешбарандаи ҷомеа ба ҳисоб рафта, аз замони оғози фаъолияташ зери роҳбарии сарвари муаззами он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳи росту дуруст равона мебошад. Аз ин лиҳоз аъзои ҲХДТ будан масъулияти баланд ва боиси ифтихору сарфарози мебошад.

       Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун ҳизби пешоҳанги ҷомеа, дар сафҳои худ қувваи бузурги созандаеро муттаҳид намуда истодааст, ки метавонад дар раванди корҳои созандагию бунёдкорӣ саҳми беназир гузорад. 

        Боиси фараҳмандист, ки сафи ин қувваи бузург рӯз то рӯз меафзояд.

     Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия билети ҳизбии боз ба як нафар аъзои нави Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар фазои тантанавӣ супорида шуд. Ҳамзамон мавриди зикр аст, ки аъзои нави Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба Темуров Шоҳин бо барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон шинос мебошад.

      Дар навбати худ нафарони ба тозагӣ пайвасташуда, ваъда доданд, ки ҷиҳати баланд гардидани мавқеи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тамоми донишу малакаҳои худро равона месозанд.

Ҷалби аъзои нав ба ҳизб аз ҷониби кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҳамадонӣ пайваста зери назари масъулин қарор дошта, мунтазам ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон довталабон ворид карда мешаванд.

 

     Бахтзода Ҷомӣ мудири Шӯъбаи иттилоот ва таблиғот