ВАЗИФАИ МО ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ ҶАВОНОН ДАР РУҲИЯИ ВАТАНДӮСТИЮ ХЕШТАНШИНОСӢ МЕБОШАД.

Ҳамадонӣ: Андеша  

«Мо барои беҳтар кардани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бояд тамоми шароити заруриро муҳайё карда, дар ин раванд масъулияти падару модар, аҳли ҷомеа ва омӯзгоронро боз ҳам баланд бардорем».

                                               Эмомалӣ Раҳмон

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи бисёр муҳим - зарурати беҳтар намудани корҳои тарбиявӣ дар байни наврасону ҷавонон дар руҳияи ватандӯстиву инсонпарварӣ ва худогоҳиву худшиносии онҳо пайваста таъкид месозанд, то ин насли ояндасоз бо ақлу хиради худ дар рушду нумӯи ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳмгузор бошанд.

Хатарҳои ҷаҳони муосир сар карда, аз терроризму экстремизм,то ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, коррупсия, истифодаи ғайримақсаднок ва нодурусти шабакаҳои иҷтимоӣ, кибертерроризм, ғасби фазои фарҳангӣ, ҷалби ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайри қонунӣ ва ғайра проблемаҳое мебошанд, ки домангири башарият гардида, хатари ҷиддиро ба амният ва истиқлолияти давлатҳо ба бор овардааст.

Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастовардест, ки аз ҷиҳати аҳамияти сиёсӣ ва маънавиаш дар тули ҳазор соли охир шабеҳ надорад ва ҷавонони мо ин маъниро аниқ бояд дарк намоянд.Пешвои миллат, Президенти кишвкар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохуриаш ба ҷавонон иброз доштанд, ки “ҳар тадбире, ки дар мамлакат амалӣ карда мешавад, мақсад аз он пеш аз ҳама беҳбудии ҳаёти шумо ҷавонон ва ба хотири ояндаи неки Тоҷикистон аст. Бо дарки амиқи ин рисолат шумо – ҷавонони фаъоли мамлакат боят ташаббус ва нерӯи созандаи худро беш аз пеш ба манфиати рушди давлату миллат равона сохта, кушиш намоед, ки дар ҷомеа мавқеи арзандаро соҳиб гардед, нерӯи эҷодиву илмӣ ва тафаккури созандаву бунёдкори худро пайваста густариш диҳед.”

Дастовардҳои сиёсии 31 соли истиқлолӣ, ки аз ваҳдати миллӣ ва муҳити солими сиёсӣ иборатанд, ҳамчун омил асосии ризоияти ҷомеа ва нишонаи фарҳанги баланди сиёсӣ арзёби мегардад, ба пешрафту тараққиёти тамоми соҳаҳои ҳаёт такони ҷиддӣ бахшидааст.

Имрӯзҳо дар шароити бениҳоят мурккаби геополитикӣ муҳимтарин вазифаи мо шаҳрвандони Тоҷикистон бахусус ҷавонон ин ҳифзи дастовардҳои истиқлолият ва мубориза бо унсурҳое, ки чун терроризму экстромизм ба тафриқаандозиву бегонапарастӣ мебошад. Вазифаи мо фаъолони ҷомеа аз он иборат аст, ки мардум бахусус, ҷавононро аз фирефта шудан ва гаравидан ба ақидаҳои ифротӣ ҳимоя кунем ва гурӯҳҳои фиребхӯрда роҳи дурусти зиндагиро нишон дода, эҳсоси ватандӯстиро дар вуҷудашон бедор созем.

Дар шароити пуртазоди ҷомеаи ҷаҳонӣ вақти он расидааст, ки мо бояд садоқати баланди худро ба давлату миллат собит созем, ояндаи ободу осудаи худ ва фарзандонамонро таъмин намоем.

Саҳми ҷавонон дар роҳи таҳкими дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолият пеш аз ҳама ватандӯстӣ ҳимояи шаъну шарафи давлат, фаъолнокӣ дар корҳои ҷамъиятӣ, дури аз тақлиду бегонапарастӣ, анҷом додани амалҳои бунёдкорона мебошад.

Айни замон тамоми мардуми шарифи тоҷик ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ 35 – солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тайёрӣ дида истодаанд.

Ба ин хотир дар шароити ниҳоят мураккаби геополитикӣ муҳимтарин вазифаи ҷавонон дар роҳи ҳифзи дастовардҳои истиқлолият ин мубориза бо унсурҳое чун терроризму экстромизм ва тафриқаандозӣ мебошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ изҳори нигарони намуда буданд, ки “шароити торафт мураккаб гардидани вазъи ҷаҳони муосир, густариш пайдо кардани зуҳуроти ниҳоят хатарнок терроризм ва экстремизм, вусъати бесобиқаи бархурди манофеи абарқудратҳо барои аз нав тақсим кардани ҷаҳон ва вобаста ба ин, боз ҳам печидаву муташанниҷ гардидани буҳрони молиявию иқтисодӣ дар бисёр кишварҳои олам” таасуфовар аст.

Мудири шуъбаи иттилоот ва таблиғоти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҳамадонӣ Бахтзода Ҷомӣ