ИФТИТОҲИ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШӢ ДАР РӮЗИ ҶАШНИ БОШУКӮҲИ НАВРӮЗ

Ҳамадонӣ:  

Дар арафаи ҷашни байналмилалии Наврӯзи хуҷастапай, ки бозиҳои варзишӣ хоси ин ҷашн аст, бо шукургузорӣ аз фазои амну осоишта, ваҳдату якдилӣ, бо амалӣ намудани нақшаҳои наҷиби ободкориву созандагӣ, дар пайвастагӣ бо ҷашни таърихӣ, яъне 33 - юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ, ки онро бо дастовардҳои назаррасу шоиста истиқбол мегирем, имрӯз санаи 23 марти соли ҷорӣ раиси ноҳия Муҳтарам Мирзозода Нурулло Абдулҳай дар рӯзи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, ки имрӯз дар варзишгоҳи калони сарҳадчии ноҳия бо иштироки теъдоди зиёди сокинони ноҳия ва меҳмонон баргузор гардид, майдончаи вазишиеро, ки даро шафати Варзишгоҳи сарҳадчӣ аз ҳисоби буҷети Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия сохта ба истифода шуд ифтитоҳ намуданд.Мусаллам аст, ки варзиш асоси нигоҳ доштани саломатии бардавоми инсон ба ҳисоб меравад. Ҳамин аст, ки саломатии миллат боигарии давлат аст, аз ҳамин лиҳоз дар тули солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди ин соҳа корҳои азимеро ба сомон расонидааст, ки ҳамаи мо аз ин баҳраварем.Бо мақсади таваҷҷуҳи хосса доштани Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи варзиш барои солимгардонии миллат тамоми шароитҳо дар ин самт муҳайё шудааст ва дар пайравӣ аз сиёсати варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар майдончаи варзишӣ бо масоҳати 40/20 кв барои бозиҳои футболу волейбол бо иштироки Раиси ноҳия Мирзозода Нурулло Абдулҳай, намояндаи Вилояти Хатлон ва Директори КВД роҳи оҳани Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Комил Мирзоалиев ифтитоҳ гардид, ки ин ҳам барои солимгардонию обутобдиҳии бадан пеш аз ҳама оммавигардонии варзиш ва рафъ намудани мондашавии сокинони ноҳия як имконияти хуб мебошад.

 

       Бахтзода Ҷомӣ Мудири Шӯъбаи иттилоот ва таблиғоти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҳамадонӣ