МУЛОҚОТИ НАМОЯНДАГОНИ КДАМ БО ФАЪОЛОН

Ҳамадонӣ:  

Имрӯз дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо иштироки раиси ноҳия муҳтарам Мирзозода Нурулло Абдулҳай, Сардори Гурӯҳи фаврии Раёсати КДАМ ҶТ дар вилояти Хатлон полковник Нуралиев З.С. бо роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ ва фаъолон мулоқоти судманд баргузор шуд. Дар мулоқот оид ба такрор ба такрор ба зиёрати ҳаҷҷи умра рафтани иддае аз шаҳрвандон ва зоҳирпарастию худнамоӣ сухан рафта, зикр шуд, ки баъзан нафарон ду бору се бор ба ҳаҷҷи умра мераванд. Мебояд ҷойи ин ҳама исрофкорӣ маблағи мазкурро баҳри ояндаи фарзандонамон сарф намуд ё дар корҳои ободонии маҳали зисти худ кӯмак кард. Ҳамчунин дар мулоқот ҳимоя ва муқаддас донистани, арзишҳои миллӣ ва суботи сиёсӣ, баланд бардоштани ҳисси меҳанпарсатии ҷавонон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.Бояд қайд намуд, ки нигоҳ доштани арзишҳои миллӣ, амнияту оромӣ, истиқлолияти комили кишвар вазифаи ҷонию имонии ҳар як шаҳрванд маҳсуб ёфта, бояд баҳри пойдории он заҳмату талоши бештар намоем. Зеро давлатҳои ҷаҳон дар ҳоли нобудшавӣ қарор дошта, ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, гурӯҳҳои тундрав ба мафкураи ҷомеи шаҳрвандӣ таъсири манфӣ расонда истодааст. Қайд гардид, ки дар мулоқоти роҳбари давлат низ масъалаи терроризму ифротгарой сахт таъкид гардида, Пешвои миллат тазаккур доданд, ки бо иқдоми башардӯстонаи роҳбарияти мамлакат ба қонунгузории ҷиноятӣ тағйиру иловаҳо ворид карда шуда, муқаррар гардид, ки дар сурати ихтиёран даст кашидани шаҳрвандон аз иштирок дар фаъолияти гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ , инчунин, қатъ намудани иштироки минбаъда дар задухӯрдҳои мусаллаҳона дар ҳудуди дигар давлатҳо онҳо аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешаванд. Таъкид шуд, ки барои дуруст тарбия намудани фарзандон ва назорат аз болои онҳо вазифаи ҷонию имонии ҳар як падару модар буда, барои ҳифзи истиқлолиятӣ давлатӣ ва суботу оромии мамлакат онҳо бояд зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд. То рафт шиддат гирифтани гурӯҳҳои ифротӣ, ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ҷомеаи ҷаҳонро ба ташвиш оварда, ба истиқлолияту амнияти баъзан кишварҳо таҳдид намуда истодаанд. Мо низ чанде қабл, аниқтараш солҳои 1991-1993 дар кишвари худ ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро аз сар гузаронида, ба иқтисодиёти кишвар зарбаи сахт расонидем. Падар бо писар, духтар бо модар, бародар бо бародар душман буд. Маҳз ҳамин низоъҳо кори дасти равияҳои терроризму ифротгарой ва душманони миллати мо буд. Имрӯз бояд мо ба қадри заҳмату талошҳои пайвастаи сарвари давлати худ бирасем. Ва Истиқлолияти комили кишварро ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз намоем.