ПЕШГИРИИ ҶИНОЯТУ ҶИНОЯТКОРОНИ МИЁНИ ҶАВОНОН

Данғара: Созандагони ватан  

Дар доираи ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ миёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ҷавонони сини 14 - 16 сола дар ноҳияи Данғара бахшида ба таҷлили сазовори 35 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки масъулин бо хонандагону кормандон ва падару модарон дар Литсейи тамоюли техники «Афлотун» - и ноҳияи Данғара сӯҳбату вохӯриҳо доир гардид.

Зимнан, аз ҷониби масъулин вобаста ба расонидани нуқтаҳои асосии Паём, масъалаҳои самти ҷавонон вобаста ба вазъияти мураккаби сиёсии ҷаҳон, пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ миёни ҷавонон, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, эҳсоси худшиносӣ, Ваҳдати миллӣ ба саҳми ҳозирин расонида шуд.