КОНСТИТУТСИЯ – ХУҶҶАТИ БУНЁДӢ

Данғара: Андеша  

Дар соли 2024 сиюмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад ва дар доираи ин ҷашн  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷиикстон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ пешниҳод намуданд, ки ба ифтихори ин санаи бисёр  муҳими таърихӣ Соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон карда шавад.

Конститусияи Тоҷикистон  соҳибистиқлол ин заминаи эъмори давлати  мустақили миллӣ ва пешравии тамоми  ҷанбаҳои ҳаёти мардами кишварро фароҳам  овард. Маҳз ба шарофати Конститутсия рукнҳои давлатдорӣ, низоми ҳуқуқии  мамлакат, волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқӣ пойдор гардида, давлати мо бо роҳи рушди  устувор қадамҳои боэътимод гузошт.

Маҳз 6 – уми ноябри соли 1994 аз ҷониби  мардум дар вазъияти ниҳоят мураккаби  сиёсӣ якдилона қабул гардидани ин  ҳуққати тақдирсоз, пеш аз ҳама гувоҳи  аз ҷониби халқи Тоҷикистон дастгирӣ  ёфтани сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти давлат буда, ба ҷоҳониён ҳисси баланди  миллӣ, ватандӯстӣ ва анъанаҳои мардуми  кишварро собит сохт. Ин ҳуҷҷати бунёдӣ барои ба ҷомеаи ҷаҳон наздик шудани  кишвар замима гузошт. Дар як муддати  кӯтоҳ мо ба узвияти созмонҳои  юонуфузи байналмилалӣ пазируфта шуд ва имрӯз ташаббусҳои Тоҷикистон дар  масъалаҳои об, муҳити зист ва дигар  мушкилоти глобалӣ дар арсаи ҷаҳон  дастгириву ҳамовозӣ пайдо карда истодаанд.  Тибқи меъёрҳои Конститутсия як қатор  санадҳои муҳим, ки ба танзими  соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ва давлат, инчунин муқовимат ба таҳдиду хатарҳои  муосир, ба мисли терроризм, экстремизм ва дигар падидаҳои номатлуб равона  шудаанд, қабул ва амалӣ мегарданд. Аз ин лиҳоз бо дарназардошти вазъи ниҳоят  ҳасосу мураккаби ҷаҳон, рӯз то рӯз вусъат  гирифтани миқёси таҳдиду хатарҳои нави  глобалӣ, осебпазир гардидани истиқлолу озодӣ ва субботу оромии кишварҳои  гуногуни дунё ҳар як фарди кишварро мебояд, ки бо эҳтиром гузоштан ба Конститутсия ва  қонунҳо, ки таъминкунандаи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ҳифзи соҳибихтиёрии давлат ва ваҳдати мебошанд, риояи  талаботу меъёрҳои онҳоро таъмин намоянд.

Дар моддаи 10 – и Конститутсия сабт  шудааст, ки “Давлат ва ҳама мақомоти он, шахсони мансабдор, шаҳрвандон ва  иттиҳодияҳои онҳо вазифадоранд Конститутсияи ва  қонунҳои ҷумҳуриро риоя  ва иҷро намоянд”. Дар ин замина  тайи чандин сол, ки дар кишварамон  ду қонуни миллӣ, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим”, “Дар бораи масъулияти  падару модар дар таълиму тарбияи  фарзанд” амал менамоянд, ки ҳар як оила, шаҳрванд ва масъулини дигар дар  амалишавии он дар ҷомеа нақши арзишмандӣ худро мегузоранд.

Дар Паёми ироа гардидаи ҷашн  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷиикстон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 28.12.2023 дарҷ гардидааст; “Амалӣнамудани  меъёрҳои Конститутсия ба мо  имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва  давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ,  суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким  бахшем, рушди устувори  кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як  шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии  арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё  созем”.

Ҳоло дар муассисаҳои таълимӣ хонандагони синфҳои 8 – 11 фанни асосҳои давлат ва ҳуқуқ, ҳуқуқи инсонро меомӯзанд. Аз ин рӯ моро мебояд, ки анъанаҳои неки гузаштагонроидома дода, ҷавононро  дар руҳияи ватандӯстӣ ва худшиносӣ, гиромидошти арзишҳои миллӣ, омӯхтани  илму дониш ва касбу ҳунарҳои миллӣ, замонавӣ, риояи қонунияту тартибот ва эҳтироми волоияти қонун тарбия намуда, вазифадорем, ки онро ба наслҳои  ояндасоз аз хурдсолӣ талқин намоем.

МАҲИМЗОДА Миратулло – омӯзгори ЛТТ “Афлотун”, аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон