БАҲРИ БОЗ ҲАМ ОБОДУ ЗЕБО ГАРДОНИДАН САҲМ МЕГУЗОРЕМ

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Тибқи дастуру супоришҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара, дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Беморхонаи Ҷумҳуриявии килиникӣ” – и ноҳияи Данғара корҳои ободони ва сарсабзу хуррамгардонӣ ба роҳ монда шудааст.

Дар ин ҳашари дастаҷамъона кормандони беморхона бо ҳисси баландӣ зебоипарастӣ баҳри боз ҳам ободу зебо гардонидани ноҳия пайваста корҳои ободониро ба роҳ монда, зиёда аз 1000 - дона гулҳои ороишӣ шинонида шуд.  Бояд гуфт, ки вобаста ба мавсим гулҳои ороишӣ зуд ‐ зуд иваз карда мешаванд. Тибқи нақшаи кории муассиса, то охири сол ба хотири сарсабзу хуррам намудани гирду атрофи муассиса гулҳои мавсимӣ ва ниҳолҳои ороишӣ шинонида мешаванд. Ҳамчунин, дар ҳамин давра тибқи нақшаи корӣ ва дар дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо кормандони  ташкилоти номбурда баҳри сарсабзу хуррамгардонии  гирду атроф,  бо кормандони муассиса тариқи ҳашарҳои дастаҷамъона тозаву озода  ва бо гулҳои мавсими ороиш додани саҳни муассиса ҳиссаи худро мегузорем.