ПАЁМИ АНГЕЗАБАХШ

Данғара: Андеша  

Паёми навбатии  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷиикстон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми паҳлуҳо ва ҳадафҳои асосии стратегии мамлакат, роҳҳои баланд  бардоштани ободониву созандагӣ дарҷ  гардидааст, ки мақсади асосӣ беҳтар гардидани  сатҳи зиндагии мардум мебошад.

Бахусус, он нуқтаҳои муҳиме, ки дар самтҳои илму маориф, тандурустӣ, фарҳанг, варзиш, ҷавонон ва занон омадааст, ҳар яки мо омӯзгорон  ва табибонро водор мекунад, ки сиёсати маорифпарваронаи   Пешвои миллатро дар ҳаллу фасли масъалаҳои таълиму тарбия, илм ва омода намудани мутахассисони баландпояи замони нав роҳандозӣ ва дар амал татбиқ намоем.

Аз 1 июли соли 2024 ба андозаи 40 фоиз зиёд  гардидани маоши вазифавии кормандони соҳаҳои  буҷетӣ, аз ҷумла маориф ва тандурустӣ ба ҳар  яки мо омӯзгорон илҳоми наву тоза бахшида, мо  аз ин ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷиикстон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле хушнудем.

Дар ҷавоб  ба ин ғамхориҳои Пешвои миллат кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки дар фаъолияти илмиву  омӯзгории хеш боз ҳам беҳтару хубтар меҳнат  намуда, донишҷӯёнро дар рӯҳияи баланди  ватанпарастӣ,  ватандӯстӣ, ифтихор аз фарҳангу тамадун ва дигар арзишҳои миллӣ тарбия намоем.

Инчунин донишҷӯёнро бо усулҳои замонавии  тибби муосир шинос намуда, онҳоро барои ҳифзу солимии ҷомеа, роҳ надодан ба амалҳои  номатлуб, пешгирии қонунвайронкуниҳо, саҳм гузоштан дар беҳдошту ободонии муҳити зист  сафарбар намоем.

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷиикстон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар яки мо омӯзгорону табибон китоби арзишмандест, ки тарбияи ахлоқиву ватанпарастии ҷавонону наврасон аз умқи он бояд реша гирад ва ҳамагонро ба роҳи ростқавлу покандешӣ ва ободонию созандагӣ ҳидоят мекунад.

ОДИНАЕВА Бибӣ – омӯзгори Коллеҷи тиббии ноҳия