ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ ВА СОЗАНДАГӢ МАРОМИ МОСТ

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати тақвият бахшидан ба корҳои ободонӣ ва бунёдкорию созандагӣ, нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ ҷиҳати вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ ва тозаю зебо гардонидани маҳалли зист ва сазовор таҷлил намудани ҷашнҳои миллӣ, аз ҷумла 35 - умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар ноҳияи Данғара бо маром идома доранд. Аҳли омӯзгорон ва кормандони хоҷагии ташкилоти ибтидоии “Маорифчиён”, МТМУ №26 ноҳияи Данғара, ҷамоати деҳоти Корез бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу суботи комил баҳри ободию тозагии муҳити атроф ба ҳашарҳои дастаҷамъона баромада, барои ободии диёри хеш саҳми арзанда гузошта истодаанд.