ВАРЗИШ – МАКТАБИ ОБУТОБИ БАДАН

Данғара: Андеша  

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри рушд додани соҳаи варзиш тамоми тадбирҳоро меандешанд, то ин ки варзишгарони Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ бо муаррифии миллати хеш парчамбардори ҷумҳурӣ гарданд.

Далели он гуфтаҳо бунёди толорҳои барҳаво, майдончаҳои варзишӣ ҳамасола ба истифода дода мешаванд. Ифтихорманд аз онем, ки таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои Пешвои миллат ҷиҳати рушду тақвият ёфтани самти варзиш ва дастгирии варзишгарон дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба маротиб боло рафтааст, ки дастовардҳо дар ин басо беназиранд.

Дар ҳама давру замон варзиш саломатӣ, зебоӣ, қосиди сулҳ, пайвандагари дӯстию рафоқат, муаррифгари давлату миллат, омили асосии пешгирии ҷавонон аз зуҳуротҳои номатлуб мебошад.

Варзиш мактаби обутоби бадан ва мардонагӣ буда, он омили  муҳими ҷаҳоншиносии инсон, ба ҳамдигар муаррифӣ ва наздик гардонидани  халқу миллатҳо ва кишварҳои мухталифи ҷаҳон  маҳсуб мешавад.

Ҷавонони ноҳия дар мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ сатҳи ҷумҳурӣ ва байналмилалӣ ширкат варзида, сазовори 322 медал, аз ҷумла 90 медали тиллӣ,  82 медали нуқра ва 150 медали  биринҷӣ гардидаанд.

Бояд қайд намоем, ки варзишгарони тоҷик на танҳо пешбарандаи соҳаи варзиш, балки муарифгари давлат ва парчамбардорру ифтихори миллат мо ҳастанд.

АМОНЗОДА Абубакр – омӯзгори ДДД, аъзои фаъоли ҳизбии ташкилоти ибтдоии “Нури истиқлол”