ПЕШГИРИИ АЛОМАТҲО ВА РОҲҲОИ ГУЗАРИШИ ВНМО

Данғара:  

Кормандони ташкилоти ибтидоии ҳизбии  маркази “ВНМО” - и нохияи Дангара дар санаи 15 - уми апрел дар дехаи Хурамзамин дар байни коргарони тиб, занҳои ҳомиладор, муҳоҷирони мехнати ва оилахои онхо семинар машварат оиди пешгирӣ аломатхо ва роҳҳои гузариши ВНМО гузаронида маводхои иттилооти паҳн намуданд. Бояд қайд кард, ки ВНМО бемории музмин буда, танҳо аз шахси сироятшуда ба одами солим мегузарад. Мутахассисон муайян кардаанд, ки ин беморӣ ҳангоми истифодаи сӯзандоруҳои яккаратаи тамъизнашуда, алоқаҳои ҷинсии беҳимоя ва аз модари сироятшуда ҳангоми ҳомиладорӣ, таваллуд ва ширмаконӣ ба тифл метавонад гузарад. Ҳадафи асосии барнома ин паст кардани шумораи сироятёфтагон ва дар солҳои минбаъда коҳиш ёфтани ин беморӣ мебошад.