БЕҲ ГАРДИДАНИ БУҶАИ ОИЛА – ИН БА ТАНЗИМ ДАРОВАРДАНИ РАСМУ ОИНҲО

Данғара: Андеша  

Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  вазъияти ба вуҷудомадаро ҳамаҷониба дарк намуда ба маврид таъкид карданд: “Воқеан, қисме аз мардуми мо ба сабаби зоҳирпарастии беасос ва дар иҷрои маросимҳо ва маъракаороиҳо пойбанди таасубу хурофот будани худ ва ба амалҳое даст мезанад, ки дар ягон гӯшаи дигари олам ба назар намерасанд”. Анъана ва ҷашну маросимҳо ҳамчун омили муҳими зуҳуроти иҷтимоӣ зарурат ба танзим дошта, мутобиқи талаботи замон бояд инкишоф ёбад. Вале таи солҳои охир аз ҳад зиёд сермасраф гардидани баргузории ҷашну маъракаҳо ва анъанаҳои мардумӣ бори гарон ба сари мардуми Тоҷикистон овард. Тақлидкорӣ ва рақобати бемантиқ дар гузаронидани тӯю маъракаҳо боиси хароҷотҳо ва исрофкориҳои аз ҳад зиёд шуда, зиндагӣ табдил доданд. Кор то ҷое расид, ғаму андӯҳи хароҷоти пас аз марги наздикон на танҳо ба ғами вазнин гирифтор кард.  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  барои таъмини зиндагии осудаи мардум тамоми чораҳоро андешида, бо аҳли зиё ва уламои дин ва фаъолони кишвар машварат намуда, ба хулосае омаданд, ки  роҳи ягонаи ҳарчӣ зудтар халос кардани мардум аз ин вазниниҳи сохта, чунонки аз ҷониби аксари шаҳрвандон пешниҳод гардид, қабули қонун аст. Таҳлилҳои воқеӣ кишвари моро воқеан ба зарурати қабули қонуни махсус роҷеъ ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо водор намуда, ташкили раёсати махсусеро дар амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар ин самт масъалагузорӣ намуд. Бо ташабусси Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ва дастгирии мардуми сарбаланди Тоҷикистон  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 8 июни соли 2007 қабул гардид. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ин барои беҳтар намудани вазъи иҷтимоии мардум, паст кардани камбизоати ва таъмини шарои арзандаи зиндагӣ барои ҳар сокини кишвар буда, ибтидои таҳаввули афкор аст, ки дар озодшавии мардум аз хурофот, одатҳои нолозим ва маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин барои беҳтар намудани вазъи иҷтимоии мардум , паст кардани камбизоатӣ ва таъмини шароити арзандаи зиндагӣ барои ҳар сокини кишвар буда, ибтидои таҳаввули афкор аст, ки дар озодшавии мардум аз хурофот, одатҳои нолозим ва анъанаҳои вазнин мебошад. қонуни мазкур бо тақозои рушди ҷомеа анъана ва ҷашну маросимҳоро танзим намуда, ба ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии ҳаёти шарҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст.

ВОҲИД Дилафрӯз Сафарӣ – мувини Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Данғара