БА ФАРҲАНГУ ТАМАДДУН ВА АРЗИШҲОИ МИЛЛИИ ТОҶИКОН ЭҲТИРОМ МЕГУЗОРЕМ

Данғара: Андеша  

Либоси миллӣ ҳамчун рукни муҳими фарҳанги миллӣ  мебошад, ки онро мо бояд ҳифз намоем. Ҳар як халқу миллат худро дар либоси миллии  таҷассум менамояд.  Либоси миллӣ рукни муҳими ҷаҳонбинӣ ва фарҳанги милли мо буда ва моро месазад, ки арзишҳои миллӣ ҳам қарз асту ҳам ифтихор онро нигоҳ дошта тавонем. Имрӯзҳо яке аз масъалаҳои ҷиддие, ки моро ба ташвиш овардааст, дахолат ба фарҳанги либоспӯшии мо мебошад.  Либоси миллии мо, фарҳанги мо, маънавиёт симои миллии мост ва агар либоси миллии мо аз байн равад, симои миллии мо аз байн хоҳад рафт. Бархе аз занону духтарони тоҷик ба ҷои муаррифии фарҳанги миллии худ, баръакс ба таблиғу фарҳанги бегона машғуланд, ки ин хеле таассуфовар аст. Сатр ва ҳиҷоб дар шакле, ки имрӯз маъмул шудааст, хоси бодиянишинон буд ва ба либоси миллии мо робитае надошт. Сатри сиёҳ бошад, ба мардуми мо куллан бегона аст. Боиси таассуф аст, ки имрӯз ҷавонони мо бешуурона майл ба либоси бегонагон намуда, аз фарҳанги бою ғании миллати худ истифода намекунанд. Андеша намекунанд, ки арҷ нагузоштан ба ҳунар ва тамаддуну таърихи худ беэҳтиромӣ нисбат ба миллат аст. Сабаби рӯ овардани занон ба либоси бегона тақлидкорӣ, муд пиндоштани чунин либосҳо ва инчунин таъсири фарҳанги бегона тавассути тамошои кинофилмҳо мебошад. Модоме ки либоси миллии мо нишон аз фарҳанги мост, пас биёед, фарҳанги миллиро бо тақлидҳои кӯркӯрона ба бегонагон фасод насозем ва онро ба ояндагон ба мерос гузорем. ба мо зарур аст, то дар ҷомеа ҳарчӣ бештар либоси миллӣ, моҳият ва шакли онро тарғиб намоем. Либоси миллии тоҷикӣ зеботарин либосҳои дунёст, ки завқи оламиёнро тасхир кардааст ва шояд дар дунё кам кишвареро тавон ёфт, ки бо ин қадар рангорангӣ, гуногунии интихобу фаровонии намунаҳо либос дошта бошад. Боиси ифтихормандист, ки либоси миллӣ яке аз рукни фарҳанги миллат ба шумор рафта, ёдгоре аз гузаштагон аст ва дар тӯли қарнҳо зебоиашро гум накардаасту минбаъд низ гум нахоҳад кард. Зан ва модари тоҷик дар ҳама давру замон посдори оину анъанаҳои муқаддаси миллат маҳсуб меёбад.

Либоспӯшии тоҷикон, ки таърихи қадимӣ дошта, ҷузъи таркибии фарҳанги миллӣ маҳсуб мешавад, бозгӯ аз завқи зебоипарастии мардуми покнажоди тоҷик аст. Ба бар намудани либоси тавсиявӣ - миллӣ барои ҳар шаҳрванд ба хотири имрӯзу фардои миллат муҳим ва масъулият аст. Пӯшидани либоси миллӣ шиддати воридшавии либосҳо ва фарҳанги бегонаро ба мамлакат паст менамояд. Либос дар арсаи байналмилалӣ муаррифи давлат ва миллат мебошад.

Яъне таваҷҷуҳи духтарони тоҷик аз либоси миллӣ дида, ба либоси бегона бештар аст. Набояд зани тоҷик аз либоси миллии хеш дида, ба либоси бегона шавқу ҳавас дошта бошад, зеро ин ба мо – тоҷикон, мардуми дорандаи фарҳанги бою пурарзиш зебанда нест. Зани тоҷикро либоси миллиаш зеботар менамояд, на либоси халқу миллатҳои дигар. Аз ин рӯ, занону духтарони тоҷикро зарур аст, ки ба қадри либоси миллиамон бирасанду эҳтироми онро ба ҷо оранд, чунки зани тоҷикро дар ҳама давру замон бо либоси миллиаш мешиносанду эҳтиром менамоянд. Умед аст, ки духтарони нозанину модарони меҳрубони тоҷик ҳамеша ва дар ҳар замоне, ки набошад, фарҳанги бегона ва либоси ғайрро ба бар наменамоянд ва ҳамеша либосу зебою шинамашонро аз дигар либосҳо болотар мегузоранд. Мо тарафдори либоси миллии тоҷикон ҳастем ва аз ҷавонон даъват ба амал меоварем, ки ҳеҷ гоҳ бегонапарастӣ накарда, ба фарҳангу тамаддун ва арзишҳои милии тоҷикон эҳтиром гузоранд ва фирефтаи афкори як идда бадхоҳону бадандешон дар хориҷи кишвар нагарданд.

ВОҲИД Дилфрӯз Сафарӣ – муовини Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Данғара