ЗАБОН ШИНОСНОМАИ ҲАСТИИ МИЛЛАТ АСТ!

Балҷувон:  

Забон рукни асосии давлатдорӣ буда, ҳамчун шиносномаи асоссии миллату давлат ба шумор меравад.

Маҳз дар сиёсати имрӯзаи Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи илму маориф яке аз самтҳои аввалиндараҷа буда, пайваста таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд.

 

Маҳз забон ҳамчун воситаи муоширати инсонҳо истифода гардида, аз ҳар як нафар баҳри ҳифз ва пойдор мондани забони хеш масъулияти баландро талаб месозад.

Бояд мо соҳибони забон ин шиносномаи миллати хешро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намуда, ба наслҳои оянда поку ноб бурда расонем.

Пеш аз ҳама вазифаи ҳар як омӯзгор аст, ки баҳри чун поку равон ва беолоиш мондани забони модарӣ пайваста тадбирҳои некро роҳандози намуда, чун пайравони мактаби хирадмандонаву маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойдории забони давлатӣ саҳми шоиста гузоранд.

 

Бо мақсади дар сатҳи олӣ таҷлил намудани Рӯзи “Забонӣ Модарӣ” ва амалишавии дастуру супоришҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии Сари Мазорӣ ҷамоати деҳоти Сафар Амиршоеви  МТМУ№10 ноҳияи Балҷувон бо иштироки Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия Зоирзода М. чорабинии тантанавӣ баргузор гардид, ки дар ҷамъомад роҳбари муассисаи таълимӣ, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Саидова Ш. Мудири шуъбаи маорифи ноҳия Амируллозода М. Раҳмоналиев С. собиқадори соҳаи ҲХДТ дар ноҳия омӯзгорон ва хонандагони муассисаи таълими №10 ноҳияи Балҷувон ширкат намуданд.