ДАСТОВАРДИ НАВБАТӢ БАҲРИ МАСЪУЛИЯТИ БЕШТАРИ КОРӢ.

Балҷувон:  

Оре, беҳуда нагуфтаанд, ки ҳеҷ як заҳмате бе подош намемонад. Имрӯз аз руйи натиҷагири ва ҷамъбасти се моҳаи Кумитаҳои иҷроияи  ҲХДТ дар вилояти Хатлон ноҳияи Балҷувон сазовори ҷойи аввал гардид, ки дар ин дастоварди арзанда саҳми ҳар як корманди масъули ҳизбӣ, аъзо, фаъолон ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ноҳия назаррас аст.

Садоқат дар масири бунёдкориву созандагӣ моро водор ба он месозад, ки дар тадбиқи сиёсати бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳм гузорем ва баҳри расидан ба ҳадафҳои неки олӣ бозҳам талош варзем.