ТАШАББУСҲОИ ҲИЗБИ БАҲРИ ПЕШРАВИИ ДИЁР

Балҷувон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар ҳошияи дастуру супоришҳои роҳбарияти олии ҲХДТ ва Нақша чорабиниҳои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Балҷувон бахшида ба 30-солагии ҲХДТ имрӯзҳо дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳия баҳри татбиқи ҳадафҳои барномавии ҳизб корҳои ободонию созандагии ҳизбиён вусъати тоза касб намуда, корҳои ободониву тозакунӣ бо маром идома дорад. Баҳри тозаву озода намудани гулгашту хиёбонҳо, кӯчаю маҳаллаҳо ва гирду атрофи биноҳои корӣ масъулин чораҳои зарури андешида, барои сазовор ҷашн гирифтани ин санаи воқеан таърихӣ ва тадбиқи аксияи ҳизбӣ зери унвонии “ҲХДТ-ҳизби созандаву бунёдкор”пайваста  омодаги мебинанд. Дар ин росто саҳми бевоситаи ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Хироб” ва “Ҷамоати деҳоти Балҷувон”-и ноҳия бо ҷалби аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ мазкур назаррас мебошад.