30-СОЛИ СОЗАНДАГИВУ БУНЁДКОРӢ БАҲРИ САРСАБЗИВУ ХУРРАМӢ

Балҷувон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шифо” яке аз ташкилотҳои ибтидоии фаъол дар самти созандагиву ободкорӣ ва амалигардонии ташаббусҳои ҳизбӣ буда, пайваста баҳри амалигардонии ҳадафҳои созандаву бунёдкоронаи ҲХДТ саҳми шоиста мегузоранд.

Аъзо фаъолон ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон пайваста баҳри сарсабзу хуррамгардонии муҳити зист, гирду атроф, биноҳои корӣ, кӯчаву хиёбонҳо, деҳаву маҳаллаҳо, гулгашту боғҳо, ҷойҳои ҷамъиятӣ нақши бориз гузошта, чун пайравони мактаби бунёдкоронаву ободкоронаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулияти шаҳрвандии худро иҷро намуда истодаанд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки ин амалҳои неки созандаву бунёдкорона, ки ҳамчун ташаббусҳои ҳизбӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ роҳандози гардидааст, масъулияти бузургеро талаб месозад, то ин ки ҳар як ҷонибдори ҲХДТ бо дасту дили нияти пок баҳри пешравии ҳар як гӯшаи диёр саҳми муносиб гузорад.