САОДАТИ МИЛЛАТ ДАР ВАҲДАТ АСТ!

Балҷувон: Андеша  

Сулҳу ваҳдат ифтихори милати соҳибдилам,

Васфи онҳоро намояд, решаи ҷону дилам.

Дар миёни қавмҳо моро аз он,

Даҳр бинмояд оғушши мардуми барнодилом.

Саодати миллат дар Ваҳдат аст Парокандагии миллӣ,ҷудогӣ ба маҳалу гуруҳҳо ва паси сангари муқобил пайи қасди ҷони якдигар қарор гирифтани тоҷикон, ки акнун истиқлолият насибашон гашта буд, воқеан даҳшат ва хатари азиме буд. Тақдир ва сарнавишти миллати тоҷик дар солҳои 1992-1994 чун «ашки сари мижгон» дар вазъи ҳассосе қарор дошт.

Ваҳшонияти ин руйдоди нобасомон, ки доғе ба қалби ҳар пиру ҷавон ҷо намуда ба ҳар хонадоне осори ғаму андуҳ ниҳода буд, дар шеъри Муъмин Қаноат чунин тасвир шудааст:

Чунин рамзи беназмро кас надид,

Ва тасвири онро набояд кашид.

Зитифлони гавҳора то пири кор,

Бишуд сайди ин ҷангу тири шикор чун тулуе офтобе, ки баъди чанд рўзи боронҳои пай дар пай синаи абрҳоро шикофта берун мешавад, моҳи ноябри соли 1994 роҳбарии давлати тоҷикон ба уҳдаи шахсе вогузор гардид,

Ки нахустин суханаш: «Ман кори худро аз сулҳ сар мекунам» буд. Дар воқеъ, ин шахси ватандусту матинирода тавонист орзуву омили деринтизори тоҷиконро ҷомаи амал пушонад, Ӯ ин миллати паркандаву паешон ва ноогоҳ аз мақсадҳои нопоки чанд мансабхоҳ дар қасди ҷони бародари худ камон ба даст гирифтаро ба ваҳдату сарҷаъмӣ даъват намуда, сулҳро дар кишвари тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон яъсу ноумедӣ аз ояндаи торики халқу Ватан барҳам хурд.

Устод Лоиқ Шералӣ яке аз аввалинҳо шуда ин санаи муборакро барои Хаммиллаташон муборакбод гуфт:

Имоми ду тарафро мекунам табрик,

Ки тоҷик мешавад наздик бо тоҷик!

Кунун оғози сулҳ асту раҳои халқ

Бувад ояндаи пурнурамон наздик!

Дарвоқеъ, ҳимати баланди бахшандагӣ ва заковату дурандешии фозилонаи сарвари давлатамон Эмомалӣ Раҳмон ва сарвари собиқ мухолифин Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, ки оқибат ба дарки маънии идомаи ҷанг идомаи тоҷиккушист ва идомаи точиккушӣ фанои миллат аст, расида, дасти якдигарро баҳри сулҳ ва ризояти миллӣ фишурдаанд ва 27 июни соли 1997 дар Маскав ба созишномаи сулҳ имзо гузоштанд, сазовори ситоиш ва накуиш аст. Ин амали ҷонмардона ва хирадмардона, ки зиндагии хушу гуворо ва оромию осоиштагии имрўзро ба бор овард, дар таърихи халқи тоҷик бо ҳарфҳои заррин сабт гашта, ояндагон онро чун як амали ибратбахш бо ифтихору сарбаландӣ ба худ қабул хоҳад кард.

Маърифат Қурбонова,- Узви фаъоли ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон