НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “МАОРИФ”

Балҷувон:  

Дар асоси ҷадвали баргузории маҷлисҳои ҳисоботӣ, имрӯз дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии  “Маориф”-и ноҳияи Бвлҷувон маҷлиси хисоботӣ баргузор карда шуд. Дар рафти маҷлис мудири шуъбаи таблиғот иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон иштирок ва суханрони кард.

Вобаста ба масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис, ҳисоботи раиси ташкилоти ҳизбии “Маориф”  шунида шуд.

Қайд гардид, ки аъзоёни ташкилоти ибтидоии “Маориф”, бо шукургузори аз Истиқлолияти давлатӣ дар фазои сулҳу субот зери роҳбарии Пешвои Миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, кор ва фаъолият намуда истодаанд.   

Дигар масъалаҳои рӯзнома барраси гардида вобаста ба ин қарорҳои дахлдор қабул карда шуд. Дар охири маҷлиси мазкур  мудири шуъбаи таблиғот иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон суханрони намуда ҷиҳати таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори суоҳу ваҳдати миллӣ-пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон нисбати соҳаи маориф, баланд бардоштани сатҳу сифати дониши хонандагон ва дастгириҳои омӯзгорон сӯҳбат намуд.