МЕГӮЯНД, КИ ТО ЗАҲМАТ НАКАШИ РОҲАТ НАМЕЁБӢ, Ё ИН КИ ГАНҶ БЕ РАНҶ БА ДАСТ НАМЕОЯД.

Балҷувон: Андеша  

Мардуми соҳибтамадуну соҳибхиради тоҷик аз азал чун мардуми меҳнаткашу меҳнатдӯст шинохта шудааст, ки имрӯзҳам он рисолати азалии хешро зери партави сиёсатмандона ва сулҳҷӯёнаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давом дода истодаанд.

Маҳз заҳмати шабонарӯзии ҳар як фард аз хӯрд то бузурги миллати сарбаланди тоҷик аст, ки бо роҳнамоиҳои ободкоронаву созандаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳи сулуҳ субот, амну оромӣ ва ваҳдату ягонагӣ расидаанд, ки ҳамин аст подоши ҳама заҳмату меҳнатҳои софдилонаву садоқатмандона.

 Пас бо боварии комил гуфта метавонем, ки мо ганҷи осоиштагиву дӯстӣ, ваҳдату истиқлол, дӯстиву рафоқат, ҳамдиливу ҳамбастагӣ, ҷовидонагиву сарбландӣ, иттиҳоду иттифоқро аз ғамхориҳову ҳидоятҳои падаронаи Пешвои муаззами миллат дарёфтаем ва бо ин ганҷинаи беназири давлатдории хеш меболему дар фазои сулҳу суботаш роҳат зиндагӣ менамоем.

Бигузор фазои Тоҷикистони гулбасару гулбадомон ҳамеша базму сур бошад. Мардуми заҳматкашу меҳнатӯсташ осудаву ором зери ливои созандаву бунёдкор иттиҳоду иттифоқ ва баҳри пешравии миллати куҳанбунёди тоҷик зери ҳидоятҳои Сарвари олии мамлакат хизматҳои шоиставу шоён кунанд.

Абдуллоев Комил-аъзои фаъоли ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Шифо"-и ноҳияи Балҷувон