ТОҶИКИСТОН КИШВАРИ ОБҲОИ МУСАФФО

Балҷувон: Андеша  

Рӯзи байналмилалии дарёҳо аввалин маротиба 14 марти соли 1998 дар беш аз 50 кишвари ҷаҳон ҷашн гирифта шуд. Яке аз ҳадафҳои асосии таъсис ва таҷлили ин ҷашн тоза нигоҳ доштани дарёву соҳилҳо, гузарондани ҳамоишу ҳашар ва маъракаҳои (аксияҳои) «Тозагии соҳил ва дарёҳо» мебошад. Айни ҳол гузарондани чунин маъракаю ҳашарҳо дар аксари кишварҳои пешрафта ва рӯ ба инкишоф, аз ҷумла Бразилия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Испания, Мексика, Норвегия, Таиланд, Тоҷикистон, Федератсияи Россия, Франсия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, ба ҳукми анъана даромадааст.

Дарё ва умуман - об сарчашмаи асосии пайдоиш ва мавҷудияти ҳаёт, сабзиши табиат ва рушди ҷомеа ба шумор меравад. Бахти мост, ки Тоҷикистон дар саргаҳи оби тоза ҷойгир аст. Беш аз 60 дарсади обҳои Осиёи Марказӣ маҳз дар кишвари мо ташаккул меёбанд.

Тибқи иттилои маркази матбуоти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар кишвари сабзу обшори мо 25227 дарё мавҷуд аст, ки қариб 1000 - тои онҳо аз 10 километр зиёдтар дарозӣ дорад. Дарозии умумии онҳо 28500 километрро ташкил медиҳад. Сарчашмаҳои асосии дарёҳои Тоҷикистон пиряхҳо, боришот ва обҳои зеризаминӣ мебошанд. Оби аксарияти дарёҳои мамлакат нӯшоист. Ҳамин аст, ки Тоҷикистонро дар ҷаҳон «Кишвари обҳои мусаффо» меноманд.

Аму, Сир, Панҷ, Вахш, Зарафшон, Кофарниҳон, Хингоб, Сурхоб, Исфара дарёҳои калонтарини Тоҷикистонанд. Аму серобтарин дарёи Осиёи Марказист, ки аз ба ҳам омехтани Панҷу Вахш дар қисмати ҷанубии Тоҷикистон пайдо шуда, то охири ҷараён 2325 километр масофаро мепаймояд.  Панҷ шохоби калонтарини Амуст, ки 921 километр дарозӣ дорад. Зарафшон (дарозиаш 877 км) ҳам аз дарёҳои калонтарини минтақа аст, аммо бинобар сабаби дар вилоятҳои Самарқанду Бухоро  комилан барои обёрӣ истифода шудан, то дарёи Аму рафта намерасад. Сир дарёи дарозтарини (2684 км) Осиёи Миёна аст. Аму ва Сир ба баҳри Арал мерезанд.

Бо кунҷи баланд сарозер шудан ва иқтидори бузурги энергетикӣ доштан хосияти вижаи дарёҳои Тоҷикистон аст. Танҳо рӯди Вахш 9 неругоҳи барқиро гардон мекунад, аз ҷумла «Роғун», «Норак», « Сангтӯда - 1», «Сангтӯда - 2», «Сарбанд», «Бойғозӣ»-ро, ки калонтарин неругоҳҳои кишвар маҳсуб меёбанд. Захираи умумии гидроэнергетикии Тоҷикистон 527 миллиард кВт- соатро ташкил медиҳад. Аз рӯи ҳаҷми захираҳои гидроэнергетикӣ Тоҷикистон дар байни кишварҳои ИДМ дуюм ва дар ҷаҳон ҳаштум аст.

Камол Холназар-собиқадори ҳизб, аъзои фаъоли ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Сари Хосор”-и ноҳияи Балҷувон.