НАЗОРАТИИ ДОИМИИ РОҲБАРИ ГУРӮҲИ КОРӢ АЗ ИНШООТҲОИ ҶАШНӢ ДАР НОҲИЯИ БАЛҶУВОН

Балҷувон:  

Бо бадаст овардани соҳибистиқлолии Тоҷикиситони азиз, зери сиёсати бунёдкоронаву созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар бунёди як кишвари пешрафтаву бонуфуз таҳавулоти назаррас ба миён омада, сохтани бинову иншоотҳои зарурӣ ва ба хоҷагии халқ фоидаовар рӯз то рӯз зиёд шуда истодааст.

Маҳз ҳамин дастоварди беназири давлатдории миллӣ  Истиқлолият аст, ки дар ноҳияи Балҷувон низ биноҳои наву замонавӣ ва ба талаботи замон ҷавобгӯ сохта ба истифода дода шуда, қисмати зиёде аз онҳо ифтитоҳ гардидаанд, ки самараи неки соҳибистиқлолии кишвар мансуб мешаванд.

Давлатзода Н.М- раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари гурӯҳи корӣ дар ноҳияи Балҷувон бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон назорати доимиро ба роҳ монда, аз рафти бунёди дигар иншоотҳои муҳими ҷашни дидан менамояд. Масъулияти баланди кориву роҳбарӣ талаб месозад, ки ҳамчун пайрави асили мактаби бунёдкории Пешвои муаззами миллат дар ободии меҳан саҳми шоиста гузоранд.