ШУКУҲИ НАВРӮЗ ДАР ДОМОНИ САБЗИ ТОҶИКИСТОН

Балҷувон: Андеша  

25 март,  дар Майдони Истиқлоли шаҳри Душанбе ба ифтихори ҷашни байналмилалии Наврӯз барномаи фарҳангии асосии ҷумҳуриявӣ — «Карнавали наврӯзӣ» бо шукуҳу шаҳомати хосса доир гардид, ки васфи таронаҳои маҳбуб дар бораи Тоҷикистони азиз, Пешво, Наврӯз, баҳор, суманак, истиқлолият нумуми “Карнавали наврӯзӣ”-ро даҳ чанд зебову назарабо гардонид. Рангорангии чароғҳои нурафшон ва бо як меҳру муҳаббати хоса иҷро намудани ҳамаи уҳдадориҳо аз ҷониби аҳли фарҳанг ва иштирокдорон ба кас шабоҳати накҳатафзои Наврӯзи оламафрӯзро тароватбахши табиати ҳақиқӣ мебахшад.

Бояд гуфт, ки имрӯзҳо ҷашни байналмилалии Наврӯз дар тамоми қаламрави пойтахт, ноҳия, маҳалла ва шаҳракҳо тавассути  барномаҳои  пуршукуҳи идона, баргузории  барномаҳои ҳунарӣ бо ҳисси ифтихор аз  ватандорию  шукуфоии  мамлакат ва  арҷ  гузоштан ба мероси пурғановати ниёгон  таҷлил мегардад.

Наврӯз яке аз маҳбубтарин ҷашнҳои таърихӣ ва фарҳангии миллати тоҷик буда, таърихи беш аз шашҳазорсола дорад. Дар даврони истиқлоли давлатӣ  ҷашну ойинҳои миллӣ ва арзишҳои фарҳангие, ки давоми асрҳо ягонагии маънавии мардумро ҳифз менамуданд, аз қабили Наврӯз, Меҳргон, Сада, Фалак,  Шашмақом, чакан, атласу адрас эҳё гардиданд.

Маҳз ҳамин афкору андеша ва ҷаҳонбиниву ҷаҳоншиносии Наврӯз ва дигар силсилаҷашнҳои ориёӣ, аз қабили Сада, Тиргон ва Меҳргон бо гузашти асрҳо ба ҷузъи муҳимми худшиносии миллии тоҷикон табдил ёфтаанд.

Мояи ифтихор аст, ки  Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯзро ҷашни байналмилалӣ эълон намуд. Имрӯз Наврӯзи оламафрӯз дар тамоми олам шинохта шудаву  мардумони дунё омадани онро пазмон мешаванд.

Ҳар рӯзатон Наврӯз бод!
Наврӯзатон пирӯз бод!

Зоирзода Маърифат - Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон