НЕКИ БИМОНАД ҶОВИДОН!

Балҷувон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ин аст шиори инсонҳои наку, ки дар мазҳари волои инсондӯстии хеш  афроди ниёзманду барҷомонда ва танҳову      яккаро қадр месозанд ва онҳоро шод месозанд.
Дар пайрави аз сиёсати инсондӯстонаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомлаӣ Раҳмон, имрӯзҳо кам нестанд ашхосе, ки аёдати шахсони ниёзмандро ба ҷо оварда, дар ҳар як иду ҷашнҳо онҳоро шод месозанд.
Бахшида ба ҷашни зебову дилрабои Наврӯзи аҷам, Раиси ноҳияи Балҷувон муҳтарам Сафарзода Б.Ғ. ва Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Зоирзода М.О. ба дидорбинии ин қишри ниёзманди ҷомеа рафта, туҳфаҳои идонаро ба онҳо супориданд ва иброз намуданд, ки Пешвои муаззами миллат ҳеҷ гоҳ Шуморо танҳо намегузорад ва пайваста баҳри ғамхории Шумо кумак месозад. Мо бояд худро танҳо, руҳафтода ва маъюб ҳис накунем. Шукрона бояд созем, ки чунин Пешвои маҳбуб ва давлати тинҷу ором дорем.