МО АМАЛҲОИ НОМАТЛУБРО ҚОТЕЪОНА МАҲКУМ МЕНАМОЕМ.

Балҷувон: Вокуниш  

Ҳамагон шоҳиди он ҳастанд, ки ҳодисаи нохушоянд ва ғайри инсонӣ дар давлати ба мо дӯст Росия санаи 22.03.2024 ба амал омад, бисёр тааҷубовар ва ҳайратангез аст, ва ақли инсони дарк намекунад, ки инсон аз тарафи инсон ба ҳалокат расонида шавад.

Сару садоҳои зиёд аст, ки ин ё он миллат ингуна амали ваҳшиёнаро анҷом дода бошад. Мутаассифона чанде аз ҷавонони тоҷикро гумонбари ин масоили доғи рӯз мепиндоранд. Аммо гуфтан ба маврид аст, ки Пешвои муаззами миллат борҳою борҳо таъкид намуданд, ки терроризм дин, мазҳаб ва миллат надорад. Мо миллати тоҷик тарафдори сулҳу субот ва ормию дӯстии тамоми халқу миллатем ва дар мазҳари инсонии мо қатл як тараф мо мурчаро озор намедиҳем ва ин гуна амалҳоро гуноҳ (убол) мепиндорем.

Чихел хулоса баровардан мумкин аст, ки миллате, ки қадр номус ва ҳаёти инсонро арзиши олӣ мегӯянд ва дар Конститутсияи давлат дарҷ гардидааст дидаву дониста ба чунин амали нангбор даст занад. Ин шудани нест, набуд на нахоҳад шуд. Ин ҳодисаи нангбор дасти дуюм ва сеюм дорад, ки пушти пардаҳо нишастаанд ва аз ин бозии роҳандохтаи худ лаззат бурда истодаанд. Бо андохтани кинаю бадномсозӣ гурӯҳҳои ифротӣ мехоҳанд муносибати дӯстию ҳамкориро барҳам зананд. Тоҷик аз қадим то ба имрӯз барои молу мулк ба сари ягон миллате силоҳ набардоштааст ва намебардорад. Ин амали номатлуб ва доғи рӯзро маҳкум менамоем ва ғамшарки тамоми мусибатзадагонем.

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон