ТАРБИЯТИ ДУРУСТ ОЯНДАИ ДУРАХШОНИ МИЛЛАТУ ДАВЛАТ АСТ!

Балҷувон: Созандагони ватан  

 Мо вазифадорем, ки насли ояндаи хешро дар масири арзишҳои миллӣ тарбиятсозем ва нагузорем, ки камбуде дар донишомӯзии онҳо мавҷуд бошад.

Ояндаи ҳар як миллату давлат маҳз дар дасти ҷавонони ҳушёру зирак ва босаводу донишманд аст. Имрӯз, ки мо дар шароити бисёр ҳассос ва мураккаби ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор дорем, зарур мебояд баҳри сайқал додани илму дониш ва аз бар намоии забонҳои хориҷӣ ва  техникаву технологияи замони муосир талош варзем.

Беҳуда нагуфтаанд, ки агар нияти оядаи некро дошта бошӣ, пас бояд инсон тарбият намоӣ ва ба камол расонӣ. Аз ин рӯ таълиму тарбияи насли наврас вазифаи ҷонии ҳар як фарди меҳандӯсту худшинос ва масъулиятпараст буд ҳаст ва мемонад.