БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ ҒАЙРИНАВБАТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “ҶАВОНӢ”

Балҷувон:  

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҷавони”-и ноҳияи Балҷувон Конференсияи ғайринавбатии XVI-уми Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар ноҳияи Балҷувон баргузор гардид, ки дар он мудири бахши ҷавонони ноҳия Аҳрор Сангов, намояндаи МИҲД-и ноҳияи Балҷувон Таманнои М. и.в мудири Шуъбаи маориф Иброҳимов З, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон Нуров Х, роҳбарони муассисаҳои дахлдор ва ҷавонони фаъол иштирок намуданд.

Дар идомаи ҷамъомади мазкур Аҳрор Сангов оид ба дастгириҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдрас гардида, иброз намуд, ки ҷавонон дар маркази дастгирӣ ва ғамхории Ҳукумати мамлакат хосатан Роҳбари давлат қарор доранд. Иҷрокунандаи вазифаи мудири Шуъбаи маорифи ноҳияи Балҷувон дар баромади хеш қайд кард, ки ҷавонон бояд ҳушёру закӣ ва пайрави асили Пешвои маҳбуби миллат бошанд. Аз навгониҳои илмҳои замони муосир бархурдор гардида, оянда ҳамчун як  шахси муътабар ба халқу миллати худ содиқона хизмат намояд.