НАВРӮЗ МУБОРАК!

Балҷувон:  

Наврӯз бо манзалати бузурги ҷаҳониаш, бо русуми аждодиаш, қалбатро пурнур, шаҳомати бахтро фаровон, ранҷуриҳоро сарнагун ва шукуфтанҳои мақсудро бароят мушарраф гардонад дӯстони гиромӣ 

Бо арзи эҳтироми беандоза Шуморо ба муносибати иди пирӯзӣ, баҳориву меъросии ниёгон Наврӯзи оламафрӯз табрику таҳният гуфта, ба Шумо умри бардавом, хушбахтии беинтиҳо, саломатии қавӣ, хонаободӣ ва иттиҳоду дӯстиро таманно дорем.

НАВРӮЗӢ

Нола занад андалеб майли шунидан расид,
Муғчаи шохи дарахт сӯйи шукуфтан расид.
Лона бимонад фараҳ рӯи лабони саҳар,
Аз қалами рӯшанӣ ранг ба гулшан расид.
Пӯшида андоми ақл, кисвати зебои шарм,
Шарбати нози маро, коми чашидан расид...