ИҒВОАНГЕЗИИ ГУРӮҲҲОИ ТЕРРОРИСТӢ ДАР ШАБАКАҲОИ ИНТЕРНЕТ.

Балҷувон: Вокуниш  

Имрӯзҳо дар шабакаи интернет гурӯҳҳои тундраву манфиатҷӯ ва террористию экстримистӣ басо зиёд гардидаанд, ки фазои мазоҷиро бо туҳмату буҳтонҳо ва суханони коста пур карда истодаанд.

Ин гуруҳҳо бо суханҳои бофтаю дуруғ ва ақидаҳои ғаразноки худ мақсади халалдор намудани сулҳу суботи кишвари ободу зебои моро доранд ва мехоҳанд, ки бо чунин разиливу бадсиришти амнияти оромии миллату давлатро халалдор созанд.

Мақсади ягонаашон ба доми худ фиреб додан ва  афтонидани ҷавонони сустирода ва бехабар аз пешрафти замонаро доранд. Ин гурӯҳҳо зери роҳбарии роҳбари ҳизби дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  мамнуъшуда-Ҳизби Наҳзати ислом Муҳиддин Кабирӣ дар фазои маҷозӣ фаъолият менамоянд. Доимо кӯшиш менамоянд бо суханони дурӯғу иғвоангезонаи худ ва ҳаммаслаконаш  ҳаёти осуда ва ширини  мардумро халалдор намоянд.

Бар зидди давлату миллати тоҷик, суханҳои беасосро иброз намуда, дар гирду атрофи худ зархаридҳои палидро ҷамъ месозад. Ҳамчунин нисбат ба  Пешвои муаззами миллат, Пешвои ободкору халқпарвар сулҳҷӯю созанда  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханони пасту ноҷо мегӯянд.

Ин дар ҳолест, ки тамоми халқ аз хизмату заҳматҳои шабонарӯзии Раиси муаззами ҲХДТ  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қисса менамоянду ӯро раҳнамову раҳкушо ҳомии сулҳу салоҳ дар роҳи расидан ба сулҳи деринтизори хеш мешиносанд.

Борҳо кормандони ҳифзи ҳуқуқи кишвар амалҳои терористонаи ин гурӯҳҳои манфиатҷӯйро ошкор намуда, тавассути оинаи нилгун пешкаши мардум намудаанд. Аз он ошкоргӯиҳо мардум чеҳраи воқеии ин гурӯҳҳои терористию экстримистиро дидаанд ва воқиф ҳастанд.

Ҳадафу мақсади нопоки ин гурӯҳҳо ягона буда, кӯшиш мекунанд пеши роҳи ободиву осудаги ва шукуфоии Тоҷикистони азизро гиранд. Аммо ҳолоҳам ин гурӯҳҳои ифроти дар доми ғафлатанд. Имрӯзҳо вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвараст, ки то тавонад барои пешрафти давлату миллат талош намоянд. Танҳо бо роҳи омӯзиши илму дониш ва хиради волои инсонӣ, зиракии сиёсиро аз даст надода, бо ақли солиму ақидаи созанда дар сафи пеш бошем. Доимо тарафдори сулҳу ваҳдат ва суботи сиёсии кишвар ва пайрави мактаби ободкорнаву созандаи Пешвои миллат бошем.

Мирзоев ИЗЗАТУЛЛО-муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон