ТЕРРОРИЗМ ВА ХАТАРҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОН

Балҷувон: Вокуниш  

Бояд хотиррасон кард, ки баъди пошхўрии Ҳукумати Шӯравӣ ва барҳамхўрии зиддияти чандинсола байни Ғарб ва Шарқ, таҳдиди 50- солаи ҷанги ядроӣ, ки ҳамчун таҳдиди анъанавӣ фаҳмида мешуд, дар арсаи сиёсии дунё таҳдидҳои нави ба ном ғайрианъанавӣ пайдо шудаанд. Бисёре аз олимону таҳқиқотчиён, чӣ ватанӣ ва чӣ хориҷӣ, оид ба ин ё он паҳлуҳои гуногуни хатарҳои муосир дар корҳои илмии худ қайд кардаанд. Бештари олимону таҳқиқотчиёни ватанӣ, албатта, дар бораи бехатарию амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон сухану ақидаҳои худро баён кардаанд. Пас, зери мафҳуми таҳдидҳои ғайрианъанавӣ мо чиро метавонем фаҳмид ва ё онҳо чиро ифода мекунанд? Ба андешаи бештари олимон, ҳама он чизе, ки ба соҳибихтиёрии давлат таҳдид мекунад, ҳамчун таҳдидҳои ғайрианъанавӣ фаҳмида мешавад. Ба онҳо ҳам таҳдидҳои калон, ба монанди терроризм, ҷаҳонишавӣ, гармшавии иқлим ва ҳам дигар таҳдидҳои ҳам глобалӣ ва ҳам минтақавӣ, дарунӣ дохил мешаванд. Омўзиши маводҳои гуногун маълум кард, ки ба таҳдидҳои ғайрианъанавӣ дохил мешаванд: ҳама намудҳои терроризм, ба монанди терроризми байналмилалӣ, биологӣ, аграрӣ, экологӣ; ҳама намудҳои фало-катҳои табиӣ, ба монанди фалокатҳои экологӣ, заминларза, обхезиҳо, сунами ва бодҳои азимҷусса, фурўравии кўҳу заминҳо, сел ва лағжишҳо, вайроншавии обу ҳаво, гармшавии иқлим, заҳролудшавии замину об, растаниву ҳайвонот ва фауна; ҳама намуди ҷинояткориҳо, ба монанди ҷиноятҳои трансмиллӣ, ҷиноятҳои иқтисодӣ, рушди коррупсия, ҷиноятҳо ба тариқи Интернет (кибертерроризм); ҳама намуди қочок, ба монанди қочоки маводи мухаддир, яроқу аслиҳа, одамфурўшӣ ва ғайра; ҳама намуди паҳншавии бемориҳо ва вирусҳо, ҳашароту бактерияҳои зараррасон, паҳншавии босуръати бемориҳои сироятӣ, ба монанди вируси норасоии масунияти одам, эбола, газак, табларза, гриппҳои гуногун, ҳам инсонӣ ва ҳам ҳайвоноту парандаҳо, паҳншавии босуръати бемориҳои асабонӣ (психикӣ), дилу ҷоғар, қанд ва саратон ва ғайра; проблемаҳои иҷтимоӣ, ба монанди рушди камбизоатӣ, баландшавии нарху арзиши маҳсулот, тақсимшавии ҷомеа ба табақаҳо, фарқияти манфии байни шаҳрҳои калону деҳоту минтақаҳо, бадшавии саломатии аҳолӣ, сатҳи пасти маориф ва таълим, хизматрасониҳои тиббӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, муҳоҷирати аҳолӣ, мутахассисони касбӣ ба дигар давлатҳо; проблемаҳои ақидавӣ ва идеологӣ, ба монанди низоандозӣ дар ҷомеа, маҳалгароӣ, шовинизм ва сепаратизм, миллатгароӣ ва фашизм; масъалаҳои энергетикӣ, таъмини аҳолӣ бо барқу сўзишворӣ, баландравии нархи маҳсулотҳои сўзишворӣ, рақобат байни давлатҳо дар масъалаи нафту газ, тақсимоти байнисарҳадии арзишҳои энергетикӣ ва ғайра.

Беҳуда нест, ки оид ба ин ва дигар паҳлуҳои паҳншавии таҳдидҳои гуногуни замони муосир ба соҳибихтиёрии давлатҳо Ҳукумату давлати Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар баромаду конфронсҳои гуногуни байналмилалӣ таъкид карда буданд. Ба он конфронси байналмилалӣ, ки моҳи майи соли ҷорӣ дар шаҳри  Душанбе гузашта буд, шаҳодат медиҳад. Илова бар ин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор қонунҳоро оид ба мубориза бар зидди терроризм ва ифротгароӣ қабул кард. Ҳамин тариқ, 16-уми ноябри соли 1999 Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм»-ро қабул кард, ки заминаи ҳуқуқӣ ва ташкилии мубориза бар зидди терроризмро дар кишвар муайян намуд. Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии терроризм, амалҳои террористӣ, ташкилотҳои террористӣ, фаъолкунандагони бевоситаи муқобили терроризм, инчунин ҳамкории байналмилалӣ дар мубориза бар зидди терроризм ва ғайраро муайян кард.

Мирзоев Иззатулло-муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон