ТЕРРОРИЗМ  НУМУИ  ВАҲШОНИЯТУ  ҲАРОС.

Балҷувон: Вокуниш  

Терроризм аз калимаи лотинии  “Terror» – тарс, воҳима, ваҳшоният гирифта шудааст ва истифодаи зуровари ё таҳдиди истифодаи онро нисбати шахсони алоҳида ё гурӯҳи одамон ё иншоотҳои гуногун бо мақсади ба даст овардани натиҷаҳои дилхоҳи сиёсӣ, иқтисодӣ, ғоявӣ ё дигар мақсади террористон фаҳмида мешавад.  Терроризм – мачмӯи аломатҳоест, ки ба фаъолияти ҷинои мансуб мебошад. 

Мутаассифона, нотавонбинони миллати тоҷик, нахзатиҳои хоину мазҳабфурӯш, бо мақсади амалии дастуру супоришҳои хоҷаҳои хориҷиашон, аз дониши номукамали баъзе аз насли ҷавони имрӯзаи мо,ки асосан дар хориҷи кишвар, ҳамчун муҳоҷир қарор доранд истифода карда, ҳадафҳои ғаразноки худро амалӣ менамоянд.

Ҳамватанони мо, бахусус ҷавонони моро зарур аст,ки худогоҳу ҳушёр бошанд ва ба ҷойи даст задан ба амалҳои нангину номатлуб,ки боиси паст шудани манзалати Ватани маҳбубу ҷоноҷонамон Тоҷикистони азиз, дар арсаи байналмилалӣ мегардад, ба асолату фарҳанги миллӣ, суннатҳои инсонгароёнаи ниёгонамон рӯ оварда, барои ҳимояи амнияту оромии ҷомеа ва пос доштани арзишҳои миллӣ истодагарӣ намоянд.

Он ҷавононе,ки дар муҳоҷиратанду зери мағзшувии наҳзатиҳою пайравонашон ва дигар гурӯҳҳои хоинону ҷиноятпешаҳо қарор доранду бо мақсади амалии ниятҳои хоҷагони хориҷиашон даст ба куштору амалҳои номатлуб мезананд, набояд фаромӯш кунанд,ки ин роҳ на он аст,ки онҳоро ба покномӣ мебарад.

Баръакс бояд дар қалби худ меҳри Ватан, ҷаҳд ба корҳои созандагию бунёдкориро бедор намоянд ва садоқат ба Ватан-Модар дошта бошанду барои рушду нумуи Тоҷикистони азизамон, пешрафту музафарият ва ба даст овардани муваффаққиятҳои комил, ҳамчун пайравони асили Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муззами ҲХДТ Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳмгузор бошанд.

Зоиров Искандар- мутахассиси маҳзани оморӣ ва ягонаи электронии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон.