АНДАРЗЕ ДАР МУҚОБИЛИ ГУРӮҲҲОИ ИФРОТӢ.

Балҷувон: Вокуниш  

1.Аз хӯрд то бузурги мардуми  миллати тоҷики мо дар оромиву осудагӣ ва ваҳдату ягонагии ватани хеш масъулем!

2.Тарбияи дурусти фарзандон ва дар замири онҳо бедор намудани ҳисси масъулияти ватандӯстию меҳанпарастӣ, вазифаи ҳар як фарди худшинос мебошад.

3.Оромию суботи Ватан пешравӣ, бурдборӣ, комёбӣ ва дороии мост!

4.Мубориза бурдан ба тамоми қувваҳои бадӣ, аз ҷумла терроризм ва экстремизм масоили дастаҷамъона мебошад.

5.Мо бо иттиҳоду дӯстӣ метавонем баҳри решакан намудани гурӯҳҳои ифротӣ мубориза барем.

6.Фарзандон ояндаи миллату давлат ва мо ба ҳисоб мераванд, ки баҳри ояндаи худ бояд мо имрӯз содиқона хизмат намоем, то ки  онҳо ба миллату давлат ва мо содиқ бошанд.

7.Террорзм ва экстремизм решаҳои зиёд дорад, ки ҷомеаро метавонад заҳролуд созад.

8.Оташро об мекушад ва терроризмро  бошад муборизаи дастаҷамъона, далерию зиракии  тамоми сохторҳои марбута.

9.Далериву зиракӣ ва ҳушёрии мо боиси оромӣ ва иттиҳоду бародари аст.

10. Хушбатии мо дар Ватани мост! нагузоред инро аз мо бидузданд.

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон.