МАҶЛИСҲОИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ  “ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ”.

Балҷувон: Ҳисобот  

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҳунарҳои мардумӣ” дар мактаби ҳунарии  ноҳияи Балҷувон  маҷлиси ҳисоботӣ - интихоботӣ гузаронида шуд. Дар рафти баргузории маҷлис Нуров Х. Мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти  КИ ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон,  иштирок намуд. Тибқи тартиби баргузорӣ, маҷлис шаш масъаларо дар бар мегирад.

  1. Ҳисоботи ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи аз моҳи июни соли 2022 то моҳи июни соли 2023 ва вазифаҳо барои давраи оянда;  
  2. Ба роҳбари гирифтани Қарори Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии  ҲХДТ аз 25 майи соли 2023 “Дар бораи омодагӣ ва сазовор таҷлили намудани ҷашни 30 – солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон”;
  3. Интихоби аъзои Раёсати ташкилоти ибтидоии ҳизб (ташкилотҳое, ки аз 30 – нафар боло аъзои ҳизб доранд);
  4. Интихоби раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ;
  5. Интихоби муовини раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ (ташкилотҳое, ки аз 30 – нафар боло аъзои ҳизб доранд);
  6. Қабул ба сафи аъзои ҲХДТ.

Аз рӯи масъалаи якум ҳисоботӣ   раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҳунарҳои мардумӣ ” Воҳидов Н. шунида шуда иброз намуд, ки дар давраи ҳисоботї шумораи аъзои ҲХДТ дар ташкилот афзоиш ёфта, ба масъалаи ҳайати сифатии аъзои ҲХДТ таваљљуҳ зоҳир шудааст. Аъзоёни ташкилоти ибтидоии  ҳизбии мазкур  дар баргузории чорабиниҳо фаъолона инштирок намуда, барои дар сатҳи баланди сиёсї баргузор шудани чорабинҳо саҳми арзандаи  худро гузошта истодаанд.

Ҳамзамон иброз гардид, ки агар ба таърихи гузаштаи хеш назар афканем, дар осори адибони мо ҳазорсолаҳо пеш аз ин дар бораи ҳунарҳои аҷдодони мо сухан меравад ва он ҳам то замони мо омада расидааст. Аз ин бар меояд, ки мардуми тоҷик тӯли асрҳои зиёд дар рушду нумӯи илму фарҳанг ва ҳунарҳои башарӣ саҳми арзанда гузоштааст. Имрӯз аз чавонону наврасон даъват ба амал меорем, ки барои нигоҳ доштани ин ганҷи бебаҳо ва ба наслҳои оянда расонидани ҳунарҳои миллии хеш бетараф набошанд.