БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСҲОИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ

Балҷувон: Ҳисобот  

Дар асоси ҷадвали баргузории маҷлисҳои ҳисоботӣ-интихоботӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии “Ҷавонӣ”маҷлиси ҷамъбастӣ гузаронида шуд. Дар маҷлис масъалаҳо доир ба ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи аз моҳи июни созли 2022 то моҳи июни соли 2023 ва вазифаҳо барои давраи оянда, ба роҳбари гирифтани Қарори Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ аз 25 майи соли 2023 “Дар бораи омодагӣ ва сазовор таҷлил намудани ҷашни 30- солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон”, интихоби раиси ташкилоти ибтидоӣ, иҷрои нақшаи обуна ба нашрияҳои ҳизбӣ “Минбари халқ” ва “Ҳамрози халқ” барои соли 2024 ва масъалаҳои ҷорӣ баррасӣ гардиданд.

Сараввал ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҷавонӣ” оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи аз моҳи июни соли 2022 то моҳи июни соли 2023 ва вазифаҳо барои давраи оянда, шунида шуд.

Ҳамзамон оид ба ҳаракати аъзои ҲХДТ, пардохти саривақти ҳаққи узвият, ҳуҷҷатгузорӣ дар ташкилоти ибтидоӣ, дар амал тадбиқи намудани ташаббусҳои ҲХДТ бахшида ба сазовор ҷашн гирифтани 30- солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ибрози андеша намуд.

Инчунин қайд гардид, ки дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар, ташаббусҳои беназири Пешвои муаззами миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдоварӣ намуда, зикр доштанд, ки ҳамаи моро мебояд дар меҳвари сиёсии мактаби сулҳовари Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷамъ омада, саҳми худро дар корҳои бунёдкориву  созандагӣ ва  ободонии кишвари маҳбубамон фаъолона гузорем.