БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСҲОИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ  “БАЛҶУВОН 1”

Балҷувон: Ҳисобот  

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Балҷувон 1”дар МТМУ №1 ноҳияи Балҷувон  маҷлиси ҳисоботӣ - интихоботӣ гузаронида шуд. Дар рафти баргузории маҷлис  Нуров  Х.  мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон ва мутахасиси маҳзани оморӣ ва ягонаи электронии Кумитаи иҷроия  Зоиров  И иштирок намуданд. Тибқи тартиби баргузорӣ, маҷлис шаш масъаларо дар бар мегирад.

  1. Ҳисоботи ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи аз моҳи июни соли 2022 то моҳи июни соли 2023 ва вазифаҳо барои давраи оянда;  
  2. Ба роҳбари гирифтани Қарори Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии  ҲХДТ аз 25 майи соли 2023 “Дар бораи омодагӣ ва сазовор таҷлили намудани ҷашни 30 – солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон”;
  3. Интихоби аъзои Раёсати ташкилоти ибтидоии ҳизб (ташкилотҳое, ки аз 30 – нафар боло аъзои ҳизб доранд);
  4. Интихоби раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ;
  5. Интихоби муовини раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ (ташкилотҳое, ки аз 30 – нафар боло аъзои ҳизб доранд);
  6. Қабул ба сафи аъзои ҲХДТ.

Аз рӯи масъалаи якум ҳисоботӣ  муовини раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Балҷувон 1” Мирзоева Р. шунида шуда иброз намуд, ки дар давраи ҳисоботї шумораи аъзои ҲХДТ дар ташкилот афзоиш ёфта, ба масъалаи ҳайати сифатии аъзои ҲХДТ таваљљуҳ зоҳир шудааст. Аъзоёни ташкилоти ибтидоии  ҳизбии мазкур  дар баргузории чорабиниҳо фаъолона инштирок намуда, барои дар сатҳи баланди сиёсї баргузор шудани чорабинҳо саҳми арзандаи  худро гузошта истодаанд.

Ҳамзамон иброз гардид, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маорифро ҳамчун соҳаи калиди эълон намудааст, ки ин маънои онро дорад, ки маҳз пешравии тамоми соҳаҳо аз соҳаи илму маориф сарчашма мегирад. Ба ҳамин хотир мо омӯзгорн ва аъзоёни ҲХДТ дар ноҳия пайваста кӯшиш менамоем, ки насли ҷавону ояндасози миллату давлатро  дар масири хештаншиносиву меҳанпарастӣ тарбият созем.