БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСҲОИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ  “ТУПХОНА”.

Балҷувон: Ҳисобот  

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Тупхона”-и ноҳияи Балҷувон  маҷлиси ҳисоботӣ - интихоботӣ гузаронида шуд. Дар рафти баргузории маҷлис  Нуров  Х.  мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон ва мутахасиси маҳзани оморӣ ва ягонаи электронии Кумитаи иҷроия  Зоиров И иштирок намуданд. Тибқи тартиби баргузорӣ, маҷлис шаш масъаларо дар бар мегирад.

  1. Ҳисоботи ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи аз моҳи июни соли 2022 то моҳи июни соли 2023 ва вазифаҳо барои давраи оянда;  
  2. Ба роҳбари гирифтани Қарори Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии  ҲХДТ аз 25 майи соли 2023 “Дар бораи омодагӣ ва сазовор таҷлили намудани ҷашни 30 – солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон”;
  3. Интихоби аъзои Раёсати ташкилоти ибтидоии ҳизб (ташкилотҳое, ки аз 30 – нафар боло аъзои ҳизб доранд);
  4. Интихоби раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ;
  5. Интихоби муовини раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ (ташкилотҳое, ки аз 30 – нафар боло аъзои ҳизб доранд);
  6. Қабул ба сафи аъзои ҲХДТ.