ИДОМАИ МАҶЛИСҲОИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТӢ

Балҷувон: Ҳисобот  

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Интернат”-и ҷамоати деҳоти сари Хосори ноҳияи Балҷувон  маҷлиси ҳисоботӣ - интихоботӣ гузаронида шуд. Дар рафти баргузории маҷлис мудири шуъбаи молия, сармуҳосиби Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон , Қурбонов Носирҷон иштирок намуд. Тибқи тартиби баргузрӣ, маҷлис шаш масъаларо дар бар мегирад.

  1. Ҳисоботи ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи аз моҳи июни соли 2022 то моҳи июни соли 2023 ва вазифаҳо барои давраи оянда;  
  2. Ба роҳбари гирифтани Қарори Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии  ҲХДТ аз 25 майи соли 2023 “Дар бораи омодагӣ ва сазовор таҷлили намудани ҷашни 30 – солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон”;
  3. Интихоби аъзои Раёсати ташкилоти ибтидоии ҳизб (ташкилотҳое, ки аз 30 – нафар боло аъзои ҳизб доранд);
  4. Интихоби раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ;
  5. Интихоби муовини раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ (ташкилотҳое, ки аз 30 – нафар боло аъзои ҳизб доранд);
  6. Қабул ба сафи аъзои ҲХДТ.

Аз рӯи масъалаи якум ҳисоботӣ  муовини раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Интернат” шунида шуда иброз намуд, ки дар давраи ҳисоботї шумораи аъзои ҲХДТ дар ташкилот афзоиш ёфта, ба масъалаи ҳайати сифатии аъзои ҲХДТ таваљљуҳ зоҳир шудааст. Аъзоёни ташкилоти ибтидоии  ҳизбии мазкур  дар баргузории чорабиниҳо фаъолона инштирок намуда, барои дар сатҳи баланди сиёсї баргузор шудани чорабинҳо саҳми арзандаи  худро гузошта истодаанд.