ИДОМАИ ТАШАББУСҲОИ ҲИЗБИ ЗЕРИ УНВОНИ "ҲХДТ-ҲИЗБИ СОЗАНДАВУ БУНЁДКОР"

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси Нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон дар ҳамкори бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон ҳар рӯзи панҷшанбе тамоми кормандони ташкилоту муассисаҳои ноҳияи Ёвон, аъзои фаъоли ҲХДТ ба таври оммавӣ Аксияи ҳизбиро зери унвони "ҲХДТ - ҳизби созанда ва бунёдкор" бахшида ба 30 - солагии ҲХДТ ҳамчун рӯзи ободониву созандагӣ" дар сатҳи баланд баргузор менамоянд.

Имрӯз аз ҷониби ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён” дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3 шанбегии дастаҷамъона доир намуданд, ки барои тозаю озода нигоҳ доштани гирду атрофи муассиса ба ҳашари дастаҷамъона баромада, гирду атрофи биноро аз партовҳо ва роҳраву гулгаштҳоро аз алафҳои бегона тоза намуданд.