ИШТИРОКИ АЪЗОЁНИ ТҶҶ “СОЗАНДАГОНИ ВАТАН” ДАР АКСИЯИ ҲИЗБИИ "ОБОДКОРИ МАРОМИ МОСТ"

Ёвон: Созандагони ватан  

Дар асоси Нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон дар ҳамкори бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия тамоми кормандони ташкилоту муассисаҳои ноҳияи Ёвон, аъзои фаъоли ҲХДТ ба таври оммавӣ Аксияи ҳизбиро зери унвони "ҲХДТ - ҳизби созанда ва бунёдкор" бахшида ба 30 - солагии ҲХДТ ҳамчун рӯзи ободониву созандагӣ" дар сатҳи баланд баргузор менамоянд.

Дар ҳашари мазкур аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан”- и назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон саҳми худро гузоштанд.