ИДОМАИ ВОХӮРИҲО ДАР ДОИРАИ СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ

Ёвон:  

Дар доираи Нақша чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, таъмини волоияти қонун ва дастрасии адолат бо кормандони соҳаҳои гуногуни ноҳиявӣ дар доираи эълон гардидани соли 2024 ҳамчун "Соли маърифати ҳуқуқӣ" аз 12 апрели соли 2024, ва мулоқоти Пешвои муаззами миллат бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар дар ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия вохӯриҳои судманд доир гашта истодааст. Ин навбат ҷамоати деҳоти Норин бо аҳли фаъолон ва сокинони ҷамоати мазкур вохӯрии судманд анҷом дода шуд. Дар вохӯрии мазкур роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Ёвон Файзализода Эмомалӣ, муовини прокурори ноҳия Самизода Фурқат, намояндаи ШВКД Раҳматуллоев Ҷаъфар ва намояндагони шуъбаҳои занон ва оила, ҷавонон, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, ва дигарон иштирок намуданд.

Нахуст раиси ҷамоати деҳоти Норин Ҳасанзода Саъдулло маҷлисро ифтитоҳ бахшида меҳмононро ба аҳли нишаст муаррифи намуданд. Сипас муовини прокурори ноҳия Самизода Фурқат андешарони намуда, таъкид доштанд, ки ҳар як фарди худогоҳи кишвар имрӯз бояд дарк намояд, ки амният, ороми ва сулҳу суботи ватани азизамон бо заҳматҳои шабонарузии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст ва мо онро бояд чун гавҳараки чашм ҳимоя намоем ва нагузорем, ки ягон бадхоҳи миллати мо аз берун истода ба оромии мо халал ворид намояд. Ҳамзамон намояндаи ШВКД дар ноҳия Раҳматуллоев Ҷаъфар баромад намуда, иброз доштанд, ки сатҳи ҷинояткори дар байни ноболиғон ва ҷавонон бештар сурат мегирад. Аз ин лиҳоз мо бояд барои гирифтани пеши роҳи ин ҷинояткори тамоми фаъолон кушиш ба харҷ диҳем. Роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия Файзализода Эмомалӣ ба сухан баромада сараввал вобаста ба даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд, ки хизмат дар сафи Артиши миллӣ барои ҳар як ҷавони худогоҳи тоҷик ҳам қарз ҳам шарафи бузург аст. Ҳамзамон дар самти пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ андешарони намуда, баён доштанд, имрӯз бояд ҷавони тоҷик зиракии сиёсиро аз даст надода фирефтаи ҳаргуна гурӯҳҳои ифротӣ нашаванд ва дар пешрафт ва гулгулшукуфоии ватани азизамон камари ҳиммат банданд. Инчунин қайд карда шуд, ки саркаши намудан аз хизмат дар сафи Артиши миллӣ ин ҳам аз сатҳи пасти маърифати ҳуқуқии бархе аз ҷавонон шаҳодат медиҳад. Вобаста ба ҷори шудани фарҳанги миллии бегона дар байни аҳоли таъкид доштанд, ки мо бояд тарғибгари фарҳанги миллии хеш бошем. Дар фарҷоми вохӯри аз ҷониби аҳли толор ба меҳмонон саволу дархостҳо пешниҳод гардида ҷавобҳои мушаххас гирифта шуд.