ОЗМӮНИ ЛУҒАТДОНИ БЕҲТАРИН

Ёвон:  

Дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён” – и ноҳияи Ёвон, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №75, рафти озмуни Луғатдони беҳтарин дар байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия баргузор гардида истодааст. Бо мақсади баланд бардоштани шавқу ҳаваси хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба омӯзиши забони ангилисӣ, муайян намудани такомули тафаккури мантиқии хонандагон, бедор намудани шавқу рағбати онҳо ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ, тайёр намудани хонандагон ба олимпиадаҳои гуногуни сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ озмуни "Луғатдони беҳтарин"  гузаронида шуд.