ИШТИРОКИ АЪЗОЁНИ ТҶҶ “СОЗАНДАГОНИ ВАТАН” ДАР АКСИЯИ ҲИЗБИ ЗЕРИ УНВОНИ "ҲХДТ-ҲИЗБИ СОЗАНДАВУ БУНЁДКОР"

Ёвон: Созандагони ватан  

Бояд қайд намоем, ки ҳамарӯза аъзоҳои фаъоли ҲХДТ дар ободонии маркази ноҳия фаъолона ширкат варзида, баҳри гулгулшукуфоии Ватани азизамон саҳми арзанда мегузоранд.

Санаи 20-уми апрели соли 2024 аз ҷониби ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён” дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 шанбегии дастаҷамъона доир намуданд, ки барои тозаю озода нигоҳ доштани гирду атрофи муассиса ба ҳашари дастаҷамъона баромада, гирду атрофи биноро аз партовҳо ва роҳраву гулгаштҳоро аз алафҳои бегона тоза намуданд.

Дар ҳашари мазкур аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан”- и назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон саҳми худро гузоштанд.