АЁДАТИ САРБОЗОНИ ҚИСМИ НИЗОМИИ 6593-И НОҲИЯ АЗ ҶОНИБИ ҲИЗБИЁНИ НОҲИЯ

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Ҷиҳати амалӣ намудани дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон оид ба анҷом додани корҳои хайр дар мактаб-интернатҳо, хонаҳои пиронсолон ва қисмҳои низомии кишвар дар арафи иду ҷашнвораҳои миллӣ, корҳои назаррас анҷом ёфта истодааст.

Санаи 9-уми апрели соли 2024 дар арафаи иди Саиди Фитр аз ҷониби аъзо ва вакилони ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон, ба қисми низомии 6593- и дар ноҳия буда, барои ташкил намудани хӯрок ва дастархони идона дар рӯзи иди Саиди Фитр маводҳои ғизоӣ расонида шуд, ки барои анҷом додани ин амали накӯ аз вакилону соҳибкорони саховатманд миннатдорем.