ДАСТГИРИИ НИЁЗМАНДОН АМАЛИ ШОИСТА АСТ

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зери роҳбарии Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз аз рӯзҳои нахустини таъсисёбии худ дар сиёсати пешгирифтааш  дастгирии қишри ниёзманди аҳолиро яке аз самтҳои аввалиндараҷа арзёбӣ намуда, дар ҳама маврид  онҳоро дастгирӣ менамоянд.

Субҳи имрӯз муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Темурзода Фарзона  бо дастгирии навбатии соҳибкорони ватандӯсти ноҳия дар доираи сиёсати инсондустонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба айёдати оилаи ниёзманди ноҳия  рафта, ба ин хонавода кӯмаки яквақтаинаи хӯрока расониданд.

Оилаи мазкур  аз иқдоми ҳизбиёни ноҳия хушнуд гардида, дастгирии мазкурро давоми ғамхориҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи маҳал арзёбӣ намуданд.