ДАСТГИРИИ НИЁЗМАНДОН АМАЛИ ШОИСТА АСТ.

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Боиси ифтихор ва сарфарозит, ки халқи тоҷик дар асоси пайравӣ аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша бо дилу нияти поки хеш ба шахсияҳои ниёзманд ва барҷомондаи ҷомеа дасти кумаки хешро дароз мекунанд.

Ин навбат чунин амали нек ва хайрхоҳона дар арафаи иди Шарифи Рамазон муовини раиси Кумитаи иҷроия ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон- Темурзода Фарзона ба аёдати як оилаи ниёзманди, истиқоматкунандаи деҳаи Навободи, Ҷамоати деҳоти Ситораи Сурхи ноҳия рафта, ба ӯ кӯмаки ғизоӣ расониданд.

Аз иқдоми пешгирифта ин оилаҳои эҳтиёҷманд бисёр хушҳол гашта, бо умеди фардои дурахшон, миннатдории хешро ба ташкилкунандагони иқдоми мазкур ва Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён намуда, дар ҳаққи эшон дуои хайр намуданд.